Артиши Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, рӯзи 25-уми май дар як амалиёти дифоӣ ба чанд пойгоҳи мушакӣ ва қаиқҳои эронӣ дар ҷануби Эрон ҳамла кардааст. Ба гуфтаи Амрико, ин қаиқҳо талош доштанд дар наздикии роҳҳои муҳими киштиронӣ минагузорӣ кунанд.
Фармондеҳии марказии ИМА ё СЕНТКОМ дар изҳороте гуфт, ин ҳамлаҳо бо ҳадафи ҳифзи нерӯҳои амрикоӣ аз таҳдидҳое анҷом шуд, ки нерӯҳои эронӣ дар замони пуртаниши оташбас эҷод кардаанд.
Ба гуфтаи СЕНТКОМ, нерӯҳои амрикоӣ ба "пойгоҳҳои партоби мушак ва қаиқҳои эронӣ, ки қасди ҷойгир кардани минаҳоро доштанд" зарба заданд.
"Фармондеҳии марказии ИМА ҳимояи неруҳои худро идома медиҳад ва дар давраи оташбаси идомадор хештандорӣ нишон медиҳад", -гуфт сухангӯи СЕНТКОМ Тим Ҳокинс.
Ба назар мерасад, ки ҳамлаҳо дар минтақаҳои наздики тангаи Ҳурмуз анҷом шуданд, ки яке аз муҳимтарин оброҳа барои интиқоли нафт дар ҷаҳон аст. Ин оброҳа баъди ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон, амалан аз сӯи Теҳрон баста шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нерӯҳои ИМА бо ҳадафи ҳимоят аз худ ҷануби Эронро оташборон карданд
Пештар хабаргузориҳои эронӣ аз шунида шудани садои таркиш дар атрофи шаҳри Бандар Аббос хабар дода буданд. Хабаргузории нимарасмии Меҳр баъдан навишт, ки вазъият "комилан зери назорат" аст ва сокинон набояд нигарон шаванд.
Пас аз ин ҳамлаҳо Марко Рубио, котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико дар роҳи сафараш ба Ҳиндустон ба хабарнигорон гуфт, роҳҳои асосии киштиронӣ "ба ҳар шакле бояд кушода монанд".
"Ончи он ҷо рӯй медиҳад, ғайриқонунӣ, ғайримашруъ, ноустувор барои ҷаҳон ва ғайри қобили қабул аст. Дар ҷаҳон ҳеҷ кишваре ҷонибдори низоми боҷгирӣ нест, ба ҷуз низоми Эрон. Аз ин рӯ, ин қобили қабул нест", -гуфтааст Рубио. Қаблан мақомоти Ҷумҳурии исломӣ аз нияти худ барои гирифтани боҷ аз киштиҳои убуркунанда аз тангаи Ҳурмуз хабар доданд.
Амалиёти нави неруҳои Амрико дар ҳоле анҷом мешавад, ки тамосҳои дипломатӣ миёни Вашингтон ва Теҳрон барои поён додан ба ҷанг ва таниш ҳамчунон идома доранд.
Марко Рубио ба хабарнигорон гуфт, ки созиш бо Теҳрон ҳанӯз ҳам имконпазир аст ва метавонад ба зудӣ ҳосил шавад.
Доналд Трамп
Президенти ИМА Доналд Трамп охири ҳафта гуфт, ки музокиракунандагон "ҷузъиёти ниҳоӣ"-и як созиши эҳтимолиро баррасӣ доранд.
Мақомоти эронӣ гуфтанд, ки ду тараф дар чанд масъала ба хулосаҳои асосӣ расидаанд, аммо созиш наздик нест. Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфт, ҳарчанд дар музокирот баъзе натиҷаҳо ба даст омадаанд, аммо "ин маънои онро надорад, ки мо ба созиши ниҳоӣ наздикем".
Трамп рӯзи 25-уми май бори дигар таъкид кард, ки захираи урани ғанишудаи Эрон бояд ё ба ИМА супурда шавад ё "дар ҷойи худ нобуд карда шавад".
Раиси ҷумҳури Амрико дар паёме дар Truth Social навишт, Комиссияи энержии атомии ИМА бояд раванди нобуд кардан ё интиқоли уранро назорат кунад.
Аммо Эрон гузоришҳо дар бораи интиқоли урани ғанишударо ба хориҷ рад кардаст.