Намояндагони ҳукумат ва маъмурони милиса дар шаҳри Панҷакент (вилояти Суғд) ба зидди, ба гуфтаашон, либоси “бегона” маърака баргузор кардаанд.
Бино ба чанд аксе, ки дафтари Ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар Панҷакент рӯзи 4-уми август нашр кард, асосан занон ва духтарони ҳиҷобдор ҳадаф қарор гирифтаанд.
Дар ин тасвирҳо дидан мумкин аст, ки мақомот бо занону духтарони ҳиҷобдор “суҳбат” мекунанд ва як маъмури милиса низ дар канорашон аст.
Мақомот ҳадафро “пешгирӣ аз фарҳанги бегона, ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ” номида, аммо нагуфтаанд, ки амалиёт чанд нафарро фаро гирифт.
Ҳамчунин дақиқ нест, ки ба занон чӣ гуфта ва аз онҳо чӣ хоста шудааст.
Баъзе аз занони ҳиҷобдор, ки то кунун аз суҳбати мақомот гузаштаанд, аз тарси пеш наомадани мушкил дар кор ва зиндагияшон аз додани тафсилот ба мо худдорӣ карданд.
Ин аксро дафтари Ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар Панҷакент рӯзи 4-уми август нашр кард
Аз ин пеш, дар моҳи май, Идораи кор бо занон дар ноҳияи Рӯдакӣ маъракаеро бо номи “Деҳа ба деҳа” баргузор карда, баҳси пӯшидани либоси “худӣ” ва “бегона”-ро барои занону духтарон доғ карда буд.
Намояндагони мухолифон чунин рафторро танқид карданд ва баъди баҳсҳои тунд аксҳои як рӯзи ин “корҳои фаҳмондадиҳӣ”, ки асосан ҳиҷобдорон мавриди суҳбат буданд, аз саҳифаи Идораи занони ноҳияи Рӯдакӣ пок карда шуд.
Аз моҳи июни соли 2024 “овардан, фурӯхтан ва пӯшидану таблиғи либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” дар Тоҷикистон манъ аст. Барои риоя накардани он ҷазо таъйин шудааст.
Либоси “бегона” дар Тоҷикистон шарҳи ягона надорад, аммо мақомот бештар пӯшиши исломиро ба мисли ҳиҷобу чодари сиёҳи занон ҳадаф гирифтаанд. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қаблан аз занону духтарон хоста буд, ки либоси “тангу сиёҳ ва ҳарир” низ напӯшанд.