"Ба намозгузорӣ омадем, вале ҳама ҷойро бастанд. Тафтиш карданд, ки оё мардум дар қайди комиссариати ҳарбӣ ҳастанд ва ё иҷозаи кору иқомат доранд ё не." Ин тасвири як муҳоҷир аз амалиёти нерӯҳои вижаи Русия дар бозори Сеннойи шаҳри Санкт-Петербург ба пойгоҳи SOTAvision аст.
Амалиёт рӯзи 16-уми октябр ҳангоми адои намози ҷумъа сурат гирифтааст.
Як шоҳиди дигар ба вебсайти "Фонтанка" гуфтааст, "барои ҳозир шудан дар комиссариати ҳарбӣ даъватнома доданд."
Хабарнигори SOTAvision навиштааст, нерӯҳои ОМОН, Росгвардия, пулиси роҳ ва беш аз панҷ мошини махсуси интиқоли боздоштшудагон дар ҷойи ҳодиса буданд.
"Атрофи бозори Сеннойро муҳосира карда, роҳҳои даромаду баромадро бастанд. Мардумро пас аз тафтиши ҳуҷҷатҳо якнафарӣ берун мекунанд ва баъзеҳоро бо худ мебаранд," – навиштааст расона.
Чандин муҳоҷири кории тоҷик ҳам бо гузоштани навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, маҳалли намозгузорӣ аз чаҳор тараф баста буд ва теъдоди зиёди намозгузорон мунтазири санҷиш истоданд.
Бархе нигоштаанд, ки пас аз соатҳои тӯлонӣ аз онҷо раҳо шуданд, аммо нерӯҳои пулиси Русия иддаеро бо худ бурдаанд. Теъдоди онҳо дақиқ нест.
Ба гузориши вебсайти 78.ru, нерӯҳои Русия на танҳо бозори Сенной дар Санкт-Петербург, балки фурӯшгоҳу қаҳвахонаҳо ва хобгоҳҳои воқеъ дар наздикии онро низ тафтиш кардаанд.
Тафтишу амалиёти коргарони хориҷӣ дар Русия моҳҳо боз идома дорад.
Танҳо дар марҳилаи аввали амалиёти “Нелегал – 2026” дар саросари Русия, ки моҳи июни имсол анҷом ёфт, Вазорати корҳои дохилии ин кишвар 14,6 ҳазор хориҷиро ронда ё депортатсия карда, 30 ҳазори нафари дигарро аз ҳаққи вуруд маҳрум кардааст.
Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, қаблан дар суҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки пас аз оғози ҷанги Русия дар Украина, фишор ба шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёр афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми амалиёт бар иловаи боздошти муҳоҷирон, онҳоро ба имзои қарордод бо артиши Русия маҷбур мекунанд.