Алҷазоир истеъмораш аз сӯи Фаронсаро "ҷиноят" хонд ва хоҳони ҷуброн шуд

Порлумони Алҷазоир бо қабули қонуне якдилона истеъмори Фаронсаро дар ин кишвар ҷиноят эълон кард ва хостори маъзаратхоҳӣ ва пардохти ҷуброн аз сӯи Порис шуд. Фаронса дар вокуниш, ин иқдомро "душманона" ва "ғайрисозанда" номид ва онро маҳкум кард.

Намояндагони порлумони Алҷазоир рӯзи 24 декабр дар ҳоле, ки шол ё гарданбандҳое бо ранги парчами миллӣ бар дӯш доштанд, дар саҳни порлумон истода буданд ва ба тарафдорӣ аз қабули ин тарҳ даъват мекарданд ва шиор сар медоданад, "Зинда бод, Алҷазоир!"

Ин тарҳ эълом мекунад, ки Фаронса "масъулияти ҳуқуқии гузаштаи истеъмории худ дар Алҷазоир ва фоҷеаҳоеро, ки эҷод кард", ба ӯҳда дорад.

Ин раъйдиҳӣ дар порлумони он кишвар дар ҳоле анҷом шуд, ки ду кишвар даргири як бӯҳрони дипломатӣ ҳастанд ва ҳарчанд ин иқдом рамзӣ аст, аммо таҳлилгарон ба ин назаранд, ки аз назари сиёсӣ аҳамияти зиёде дорад.

Иброҳим Абу Ғолӣ, раиси порлумони Алҷазоир пеш аз раъйгирӣ ба хабаргузории давлатии ин кишвар гуфт, ки ин иқдом "паёми рӯшане ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ медиҳад, ки хотираи миллии Алҷазоир на қобили пок кардан аст ва на қобили музокира".

Қонуни "Ҷинояти истеъмори Фаронса" аз ҷумла, озмоишҳои ҳастаӣ, кушторҳои бе муҳокима, шиканҷаи ҷисмӣ ва равонӣ ва "ғорати систематикии сарватҳо"-ро дар феҳристи худ ҷой додааст.

Дар ин қонун омадааст, ки "ҷуброни комил ва одилона барои ҳама хисороти моддӣ ва маънавӣ аз истеъмори Фаронса, ҳаққе ғайри қобили инкор барои давлат ва мардуми Алҷазоир аст".

Бо ин ҳол, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Фаронса қабули ин қонунро маҳкум кард ва онро иқдоме номид, ки барои "азсаргирии гуфтугӯҳо ва ором кардани баҳсҳо дар масъалаҳои таърихӣ", "созанда" нест.

Фармонравоии Фаронса бар Алҷазоир аз соли 1830 то 1962 ҳамчунон нуқтаи дардовар дар робитаҳои ду кишвар аст.

Ин давра, ки бо кушторҳои густурда ва табъидҳои бузург ҳамроҳ буд, то ҷанги хунини истиқлоли Алҷазоир аз соли 1954 то 1962 идома кард. Алҷазоир мегӯяд, дар ин ҷанг 1,5 миллион нафар кушта шуданд.

Аммо таърихнигорони фаронсавӣ шумори кушташудаҳоро 500 ҳазор нафар тахмин мезананд, ки 400 ҳазори онҳо алҷазоирӣ буданд.

Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса пештар истеъмори Алҷазоирро "ҷиноят алайҳи башарият" хонда буд, аммо аз маъзаратхонии расмӣ худдорӣ кард.