Алишер Мирзонаботро дар Рӯшон дафн кардаанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пайкари Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дидгоҳҳо ба фаъолияташ яксон нест, дар ноҳияи Рӯшон дафн кардаанд. Ӯ ва ҳамсару як фарзанди хурдсол ва ёвару ронандааш 17-уми июн ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба Хоруғ бо мошини хидматӣ ба дарёи Панҷ сарозер шуданд.