Аксари роҳбарони сохторҳои ВКД иваз шудаанд

Эмомалӣ Раҳмон бо мансабдорони нав суҳбат кардааст.

Сомонаи президенти Тоҷикистон рӯзи 9-уми январ хабар додааст, ки аксари раҳбарони сохторҳои Вазорати корҳои дохилии кишвар дигар шудаанд.

Бар асоси қарори Эмомалӣ Раҳмон, Акбар Насимзода, муовини вазири корҳои дохилӣ ба нафақа гусел шудааст ва Баҳодур Холиқзода ҷойгузини ӯ шудааст.

Тибқи ин хабар,

  • роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ,
  • сардорони раёсати амнияти дохилӣ,
  • раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир,
  • воҳиди махсус, қисми минтақавии раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб,
  • ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия,
  • сардори бюрои миллии маркази Интерпол,
  • сардорони шуъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Ховалинг, Темурмалик, Ҷалолиддини Балхӣ, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Файзобод, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Бустон, Зафаробод, Ашт, шуъбаҳои ВКД дар шаҳри Исфара, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Роштқалъа ва ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе,
  • сардорони шуъбаҳои раёсати ВКД дар нақлиёт дар хатти фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, дар хатти роҳи оҳан ва дар вилояти Суғд дигар шудаанд.

Далели тағйири сартосарӣ дар ВКД шарҳ дода нашудааст. Эмомалӣ Раҳмон ба афроде, ки тоза мансаб гирифтаанд, гуфтааст, ки бо ҷинояткорӣ ҷиддӣ мубориза кунанд ва “манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон”-ро дар ҷойи аввал гузоранд.

ВКД, бузургтарин ниҳод дар Тоҷикистон аст, ки таъмини тартибот, додани шиноснома, хадамоти оташнишонӣ, хадамоти муҳофизати корхонаҳои давлатӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар кишварро бар душ дорад.

Ҳомиёни ҳуқуқ кормандони ВКД-ро борҳо барои шиканҷаи боздоштшудаҳо танқид кардаанд.

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон гузориш додааст, ки дар шаш моҳи аввали соли гузашта аз эҳтимоли шиканҷа ва бадрафторӣ дар мақомоти қудратӣ 7 шикоят сабт кардааст. Ба гузориши Эътилоф, ба мисли солҳои гузашта аксари шикоятҳо аз шиканҷа ба сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ рост меояд.

ВКД шиканҷа шудани боздоштшудаҳоро аз ҷониби кормандонаш борҳо рад кардааст.