Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 24-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки расми ба кор андохтани агрегати 7-уми нерӯгоҳи Норак, ки дар солҳои дароз фарсуда шуда буд, бо ҳузури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Тармими агрегат ду солро дар бар гирифта ва барои он тақрибан 40 миллион евро харҷ шудааст. Дар баёния омадааст, ки акнун тавоноии агрегат афзоиш ёфтааст ва он метавонад дар як шабонарӯз то 8 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол намояд.
Навсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак, ки ҳоло таъминкунандаи асосии нерӯи барқи Тоҷикистон аст, соли 2019 оғоз ёфт ва то кунун се чархаи онро иваз кардаанд.
Дар маҷмӯъ барои навсозии он, ки то соли 2023 идома меёбад, ба гуфтаи мақомот, 750 миллион доллар харҷ мешавад. Нерӯгоҳи Норак айни замон бо тавоноии 3 ҳазор мегават бузургтарин нерӯгоҳи барқи Тоҷикистон ба шумор меравад, вале ҳамроҳ бо даҳҳо нерӯгоҳи миёнаву хурди дигар қодир ба таъмини кишвар бо нерӯи барқи кофӣ нест.
Ҳар сол сар аз тирамоҳ то баҳор бисёре аз мардуми Тоҷикистон нерӯи барқи кофӣ надоранд ва ҳукумат ҳамеша барои нотавонӣ дар таъмини ин ниёзи асосии мардум танқид мешавад.