Афзоиши ҳамлаҳо ба таъсисоти маводи сӯхт дар кишварҳои Халиҷи Форс

Исроил шаби 18-уми март ҳамлаҳояшро болои Эрон афзоиш дода, гуфт, ба қисмати шимолии ин кишвар зарбаҳои мушакӣ зад. Расонаҳои Исроил хабар доданд, ки киштиҳои эронӣ дар соҳилҳои Баҳри Хазар мавриди ҳадаф қарор гирифтанд. Феълан тасдиқи дурустии ин гузоришҳо имкон надорад ва таъсири ҳамлаҳо ҳамчунон маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, бисёриҳо дар дохили Эрон аз идомаи ҷанги Исроилу Амрико алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ эҳсоси ноумедиву тарс доранд. Як сокини Теҳрон гуфт, бисёр чиз дар ин шаҳр дигар шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Афзоиши ҳамлаҳо. Як сокини Теҳрон: "Ҳама чиз ба ҳам рехт"

Дар поёни ҳафтаи сеюми ҷанг ҳамлаҳои Эрон алайҳи ҳадафҳои Амрико дар кишварҳои арабии Халиҷи Форс ҳам бештар мешаванд. Эрон баъди он ки гуфт, майдони гази минтақаи Порси Ҷанубӣ рӯзи 18-уми март мавриди ҳамлаҳои шадид қарор гирифт, таҳдид намуд, ки муассисаҳои энержиро дар саросари минтақа ҳадаф қарор медиҳад.

Матбуоти исроилӣ гузориш дод, ки ҳамла аз ҷониби Исроил ва бо ризоияти Амрико сурат гирифтааст, вале президент Доналд Трамп каме дертар дар шабакаи Truth Social навишт, ӯ дар бораи ин ҳамла аз пеш хабар надошт.

Эрон дар посух ба чанд муассисаи нафтӣ дар саросари Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар ҳушдори изтирорӣ фиристода гуфт, “соатҳои наздик ин муассисаҳо мавриди ҳамла қарор мегиранд”.

Пас аз муддати кӯтоҳе Қатар гузориш дод, ки дар натиҷаи ҳамлаи мушакии эҳтимолан Эрон дар як майдони газ сӯхтор сар зад ва ходимони ёрии изтирорӣ дар ҷойи ҳодиса кор мекунанд. Ширкати QatarEnergy аз “хисороти азиме” гузориш дод.

Арабистони Саудӣ гуфт, ки чор мушаки баллистикиеро нобуд кард, ки ба самти Риёз ҳаракат мекард ва аз як талоши ҳамлаи мушакӣ болои муассисаҳои газӣ дар шарқи ин кишвар хабар дод. Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ гуфт, “агар Эрон билофосила бас накунад, чун ман ҳам шунидам, ки ҳамингуна рӯҳияе вуҷуд дорад – дигар чизе барои барқарор кардани эътимод намемонад.”

Дар майдони гази Ҳабшани Имороти Муттаҳидаи Араб баъд аз он ки аз асобати ду мушак пешгирӣ шуд, фаъолиятҳои ин муассиса боздошта шудааст. Матбуоти Абузабӣ рӯзи 19-уми март хабар дод, ки баъди ба кони гази Боб афтодани пораҳое аз мушак корхонаи истихроҷи газ баста шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар пешорӯи нигарониҳо аз бӯҳрон дар соҳаи истихроҷи нафт нархи он боз ҳам афзоиш меёбад. Нархи навъи “Брент” беш аз 5 дарсад афзуда, барои ҳар бушка 112 доллару 84 сент нархгузорӣ шудааст.