Як милисаи дигарро, ки дар марги Мақсудҷон Саидов, сокини шаҳри Кӯлоб, гумонзад буд, аммо аз тафтишот пинҳон мегашт, афв кардаанд.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Сайриддин Файзуллоев, корманди пешини Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Сино дар пойтахт ҳоло дар озодист.
Аз ин пеш панҷ ҳамкори ӯ бо айни иттиҳом дастгир ва се нафар аз 5 то 13 сол ба зиндон маҳкум шуда, дуи дигар бар асоси қонуни афв озод шуданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми онҳоро рӯзи 28-уми июл эълон кард.
Як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 3-юми сентябр бе зикри номаш гуфт, волидони Сайриддин Файзуллоев аз Назарбӣ Саидова, модари Мақсудҷон Саидов, хостаанд, то зидди писарашон шикоят накунад ва аз даъвояш даст кашад. Мусоҳиби мо дар бораи гуё “харидани як манзили сеҳуҷраӣ ба хонаводаи Мақсудҷон Саидов” хабар дод, вале тасдиқи он аз манбаъҳои дигар феълан имконпазир нест.
"Назарбӣ Саидова, сокини маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб, бо пешниҳоди волидони Файзуллоев розӣ шуда, ба Додситонии ноҳияи Сино барои даъво надоштанаш ариза пешниҳод намудааст. Бо назардошти ин ариза, парванда қатъ ва ӯ бар асоси Қонуни афв аз ҷавобгарӣ раҳо шудааст,” – афзуд манбаъ.
Ҷузъиёти гуфтушунид ва муомилаи наздикони Сайриддин Файзуллоев бо хонаводаи Мақсудҷон Саидов маълум нест. Талоши мо барои гирифтани ҳарду ҷониб то ин дам бенатиҷа буд.
Мақсудҷон Саидов рӯзи 8-уми январи соли 2026 бо гумони паҳн ва фурӯши “кристал”, як навъ маводи мухаддир, дастгир, аммо дертар дар шароити мармуз даргузашт.
Мақомот аз наздиконаш хостаанд, ки пайкари ӯро зуд дафн кунанд ва ҳамин маврид шубҳаро дар бораи табиӣ будани марги ӯ бештар кардааст.
Пайвандони Мақсудҷон Саидов ҳеч гоҳ дар бораи қазияи ӯ бо расонаҳо суҳбат накардаанд. Чанде аз дӯстони Мақсудҷон дар суҳбати пешинаи телефонӣ гуфта буданд, ки дар баданаш “осори шиканҷа дида мешуд” ва гуё “ангуштони пою дасташ сӯхта буданд”.
Истифода аз шиканҷа барои “эътирофи гуноҳ” дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ дар мақомоти интизомӣ дониста мешавад. Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мегӯяд, аз соли 2021 то нимсолаи аввали соли 2025 аз сокинон дар бораи шиканҷа 83 шикоят гирифт, ки тақрибан навад дарсади шикоятҳо нисбат ба маъмурони милиса аст.