Шӯрои ҷамоати Адрасмон: “Манзили Олег ба соҳибаш бармегардад”

Олег Усанов

Ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар пайи нашри маводи Озодӣ ба Олег Усанов ваъда кардааст, ки манзилаши қонуниашро бармегардонад.
Олег Усанов, як ҷавони рус пас аз ятимхона ва хизмати артиш ба зодгоҳаш баргашта, чанд сол инҷониб талош дорад манзили меросиашро, ки мақомот замони ноболиғиаш дар ихтиёри оилаи дигар гузошта буданд, дубора соҳиб шавад. Вале як моҳ пеш раиси Шӯрои ҷамоати шаҳраки Адрасмон ба Озодӣ гуфта буд, ки ин масъаларо дар наздиктарин рӯзҳо бо иштироки худи Олег баррасӣ ва аз рӯйи қонун бар нафъи ӯ ҳал хоҳанд кард. Умматқул Ҳоҷимуродов, муовини раиси Шӯрои ҷамоати шаҳраки Адрасмон рӯзи душанбеи 11-уми феврал дар мавриди ин ваъдаи додаашон чунин гуфт:

“Ба наздикӣ ин масъаларо дар ҳузури Олегу намояндагонаш ва соҳиби ҳозираи хона баррасӣ кардем. Ва тасмим гирифтем, ки хонаашро ба Олег бозгардонида медиҳем. Оилаи соҳибони ҳозираи хонаро бошад, дар хобгоҳ ҷой медиҳем”, гуфт ӯ.

Ҷаноби Ҳоҷимуродов афзуд, хонаводае, ки дар ҳоли ҳозир дар манзили Олег зиндагӣ мекунад, хоҳиш кардаанд ба онҳо фурсат дода шавад дар фасли баҳор хонаро холӣ кунанд. Вагарна онҳо бо кӯдаконашон аз кӯчокӯч ва зиндагӣ дар манзили нави бе шароити хуб азоб мекашанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳаққи сағераро хурдан гуноҳ нест?


Баҳрӣ Абураҳмонова, раҳбари созмони ҷамъиятии “Диёр”, ки дар гуфтугӯ бо мақомоти Адрасмон аз ҷониби Олег иштирок доштааст, мегӯяд, онҳо ба хотири инсондӯстӣ натавонистанд ин хоҳиши соҳиби хонаро рад кунанд:

“Ин оила се кӯдаки хурдсол доштааст ва сарвари оила, Тоштемир гуфт, ки дар ин фасли сармо бо онҳо ба ҷойи дигар кӯчидан вазнин аст. Вай хоҳиш кард то 21-уми март ба онҳо фурсат диҳем манзили навашон дар хобгоҳро таъмир карда, баъд ба он ҷо бикӯчанд ва хонаро барои Олег холӣ кунанд. Ҳукумати Адрасмон барои таъмиру тармим ба вай ёрӣ мерасонад. Соҳиби ҳозираи хонаи Олег намедонист, ки манзилаш қонунан ба каси дигар тааллуқ дорад, аз ин рӯ вайро гунаҳкор кардан нашояд. Мо ба ин хоҳиши онҳо розӣ шудем, ки охири моҳи март манзилро ба Олег баргардонад”.



Олег Усанови 25-сола дар ҳоли ҳозир дар сарпаноҳи муваққате, ки ба вай мақомоти интизомии Хуҷанд додаанд, зиндагӣ дорад. Вай дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ваъдаи мақомоти шаҳраки Адрасмон дар дилаш шӯълаи умедеро фурӯзон намуд, ки билохира ҳаққи қонунии соҳибӣ ба манзили меросии падарашро ба даст хоҳад овард, аммо аз ваъдаҳои зиёди мақомот хаста шудааст:

“Чунки онҳо соли панҷум аст, ки ба ман ваъда медиҳанд. Дигар умед надорам, ки рӯзе калиди хонаамро ба даст мегирам. Худатон бубинед, дар остонаи баҳор қарор дорем, аммо соҳибони ҳозираи хона мегӯянд, ки ҳанӯз ба худ сарпаноҳе пайдо накардаанд. Мегӯянд, ки боз ҳам сабр кунам. Онҳо дар он хона 17 сол боз зиндагӣ мекунанд ва дар даст санади соҳибӣ ба хона доранд ва ман наметавонам онҳоро аз он ҷо биронам. Ҳарчанд ки онҳо зимни гуфтугӯ дар назди мақомот ваъда доданд, ҳамин ки ҷойи нави зист пайдо карданд, хонаи маро зуд холӣ мекунанд, ман чандон ба ин чиз бовар надорам,” - гуфт Олег.


Мақомоти Шӯрои шаҳраки Адрасмон дар сӯҳбат бо Озодӣ таъкид карданд, ки мушкили Олег ҳал шудааст, онҳо бар ивази холӣ кардани хона ба соҳибони ҳозираи манзили вай аз хобгоҳи оилавӣ ду ҳуҷра додаанд. Ва дар посух онҳо ваъда додаанд, ки то 21-уми март калиди хонаро ба дасти Олег месупоранд.
Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, ба рақами телефони ҳамроҳи Тоштемир Намозов, соҳиби ҳозираи манзили Олег чанд бор занг задем, аммо касе аз он ҷониб посух надод.


Шаҳраки Адрасмон, воқеъ дар 100-километрии шимоли Хуҷанд дар замони шӯравӣ аз минтақаҳои аз нигоҳи саноатӣ рушдкардаи шимоли Тоҷикистон маҳсуб меёфт ва корхонаи бузурги маъдану дигар корхонаҳои хурди канори он барои сокинон ҷойҳои кориву моҳона фароҳам мекарданд. Падари Олег Усанов, ба гуфтаи писараш, коргари корхонаи маъдани Адрасмон буд ва манзили якунимҳуҷраро аз ҳамин корхона гирифтааст. Аммо бо пароканда шудани шӯравӣ ҳоло танҳо як корхонаи маъдани он бо иқтидори паст фаъол аст, корхонаҳои дигар фалаҷ шуда, аксари сокинони рустабор дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар тарки Тоҷикистон кардаанд.


Олег Усанови 25-сола баъди марги волидайнаш дар ятимхона калон шуда, аз он ҷо ба хидмати ҳарбӣ рафтааст. Ҳоло вай мехоҳад ба зодгоҳаш, шаҳраки Адрасмон, ки хуни нофаш дар он ҷо рехтааст, баргашта, дар манзили меросии худ зиндагӣ кунад.