Дар бағочи Кемрӣ. Ҷузъиёти фирори як маҳбус аз зиндони Қӯрғонтеппа

Як маҳбуси "хатарнок"-и зиндони Қӯрғонтеппа, ки бо пинҳон шудан дар бағоҷи мошини сардори маҳбас фирор карда буд, аз сӯи маъмурони пулиси шаҳри Ваҳдат боздошт шуда, ҳоло дар Душанбе будааст.

Баҳрулло Шарифов, як маҳбуси зиндони Қӯрғонтеппа, ки бо пинҳон шудан дар бағоҷи "Кемри"-и сардори маҳбас фирор карда буд, баъди як рӯз аз сӯи маъмурони пулиси шаҳри Ваҳдат боздошт ва ба мақомоти Раёсати маҳбасҳои Вазорати адлия супурда шудааст. Як корманди маҳбаси Қӯрғонтеппа худро Мавлуда Раҷабова муаррифӣ карда ва 7 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин маҳбуси фирорӣ баъд аз боздошт дар Душанбе қарор дорад.

Раҷабова аз ироаи ҷузъиёти бештар дар мавриди фирори Баҳрулло Шарифов худдорӣ кард ва Раёсати маҳбасҳои Вазорати адлия низ дар прусишҳо дар ин замина посух надод. Аммо як манбаъ аз зиндони Қӯрғонтеппа бо шарти пинҳон мондани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, то замоне ки маъмурони пулиси шаҳри Ваҳдат тамос нагирифтанд, масъулони маҳбаси Қӯрғонтеппа аз фирори Баҳрулло Шарифов бехабар будаанд.

Ба қавли манбаи мо, Баҳрулло Шарифов ҳамроҳи як маҳбуси дигар бо номи Суннат Қаландаров, ки баъд аз фирори Баҳрулло дар утоқи ҷаримавии маҳбас ё ШИЗО нигаҳдорӣ мешавад, калиди эҳтиётии мошини "Кемри"-и сардори маҳбасро бо истифода аз фурсат гирифта, нақшаи фирорро тарҳрезӣ кардаанд. Ӯ афзуд, “рӯзи шанбеи 4 июл вақте маҳбусҳо ба саҳни зиндон бароварда шуданд, мошини раис чун ҳамеша дар гӯшае меистод ва Баҳрулло Шарифов бо истифода аз калиди мошин, бағоҷи онро боз намуда, дар дохили он пинҳон шудааст.”

Ҳамсӯҳбати мо идома дод, ки сардори маҳбас вақте ба хонааш дар ноҳияи Данғара меравад, Баҳрулло дар роҳ аз бағоҷи мошин фаромада, ба тарафи зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат рафтааст. “Дар маркази ноҳияи Ваҳдат кормандони умури дохилӣ, ки қаблан дар вақти маҳкум шуданаш Баҳруллоро боздошт карда буданд, ӯро мешиносанд ва ба Раёсати маҳбасҳо дар тамос мешаванд,” – илова кард манбаъ. Кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат рӯзи якшанбе, 5 июл, маҳбуси фирориро ба Раёсати маҳбасҳо таслим кардаанд.

Дар пайи фирори ин маҳбус, ҳайати роҳбарии зиндони Қӯрғонтеппа, аз ҷумла сардори зиндон ва ду муовини ӯ иваз карда шудаанд.

Баҳрулло Шарифов соли гузашта дар пайи куштор ва сӯзондани зани 29-сола дар шаҳри Ваҳдат бо моддаи 104 қисми 2 (куштор) ба 23 соли зиндон маҳкум шуда ва барои адои давраи ҷазо ба маҳбаси Қӯрғонтеппа интиқол ёфт. Он вақт Вазоарти корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, Шарифов 18 сентябри 2014 аз ҳиссиёти авбошӣ Хосият Умароваро ба тариқи бӯғӣ кардан ба қатл расонда, сипас ҷасадашро дар канори роҳ дар байни деҳаҳои Гургхурда ва Ширинбулоқи Ваҳдат сӯзондааст.

Ин сокини шаҳри Ваҳдат аз пеш бар асоси моддаи 149-и Кодекси ҷиноӣ барои 11 сол равонаи зиндон шуда, аммо баъдан тибқи қонуни афв озод шудааст.

Барои бори аввал нест, ки фирори як маҳбус аз зиндонҳои Тоҷикистон сурат мегирад. Шаби 22 ба 23 августи соли 2010 аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар маркази Душанбе фирори 25 маҳбус сурат гирифта буд, ки миёни онҳо панҷ шаҳрванди Русия, чор шаҳрванди Афғонистон, ду шаҳрванди Узбакистон ва 14 шаҳрванди Тоҷикистон буданд. Аз ин 25 маҳбуси фирорӣ 8 нафари онҳо дар аснои амалиёти мухталиф ба қатл расида ва 17 тани дигар боздошт шуданд.

Фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба барканории раҳбар ва 3 муовини раиси ин ниҳод сабаб шуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2010 дар пайи фирори 25 маҳбус генерал-полковник Хайриддин Абдураҳимовро аз мақоми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барканор ва ба ҷойи ӯ Саймӯъмин Ятимовро таъин карда буд.