Сино ва Алибахш, хонандагони ду мактаби наздик ба ҳами Душанбе дар «Одноклассники» бо ҳам «чат» ё паёмзанӣ мекарданд ва гуфтугӯи онҳо ба ҷое расид, ки кадоме аз ҳарду зӯранд. «Зӯр» будан доштани «дӯстдухтар»-ро ҳам фаро мегирифт. Яке гуфт, «арӯс» дорад ва дигариро айбдор кард, ки бо ҳеч духтаре дӯст нест ва биноан «лох», яъне ландаҳур аст. Ба эҳтимоли зиёд, лаҳни таҳқиромез сабаб гашт, ки яке дигариро ба «ҷанги тан ба тан» даъват кунад.
Муфаттишон ҷузъиёти ин мукотибаро пинҳон медоранд, аммо мегӯянд, аз рӯйи зангҳои телефонӣ ошкор кардаанд, ки дар фосилаи кӯтоҳе чандин хонанда аз мактаби 66, гимназияи президентӣ, литсеи туркӣ ва чанд мактабӣ дигари пойтахт ба ин «даъват» шарик мешаванд. Полис ифшо намекунад, ки оё Сино ва Алибахш танҳо дар "Одноклассники" ҳамдигарро мешинохтанд ё дар зиндагии воқеӣ низ ҳамдигарро медонистанд ва бо ҳам мушкиле доштанд.
Баҳриддин Давлатбеков, сардори гурӯҳи тафтишотии Раёсати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе, рӯзи 2-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи занозании рӯзи 30-юми май дар байни хонаҳои паси пайкараи Абӯалии Сино хонандаи синфи 11 мактаби рақами 66 Бурҳониддин Зарипов кушта шудааст. Вай афзуд:
«Вақте баҳси Сино ва Алибахш тамом мешавад баъд мегӯянд агар ту зур боши биё ҷойро муайян мекунем ва як ба як мезанем. Дар ҳамин вақт Бурҳониддин бо ҳамроҳии як ҳамсинфи дигараш, ки дар боғи ба номи Мираненко қарор доштаанд онҳоро занг зада барои дар ин ҷанг иштирок карданашон даъват мекунанд. Бурҳониддин, ки бачаи қадбалнду дасту бозуи қавви доштааст вайро чун пешво даъват мекунанд. Бурҳониддин ҳам ба ин пешниҳоди ҳамсолонаш розӣ шуда барои ҷанги тан ба тан меравад.»
Ба қавли сардори бахши тафтишотӣ, Сино ва Алибахш макони «ҷанги тан ба тан»-ро сараввал дар маҳаллаи «Профсоюз» таъин мекунанд, аммо яке аз ҷонибҳо розӣ намешавад. Бачаҳо боз дубора ба қароре меоянд, ки дар назди Қарияи боло ҷанг кунанд. Ба ин ҳам ҷонибҳо розӣ намешаванд ва билохира макони «вохӯрӣ»-ро дар пушти ҳайкали Сино муайян мекунанд. Ҳангоме ба назди ҳайкали Сино меоянд чун мебинанд, ки одамҳо зиёданд боз ба даруни биноҳҳои истиқоматӣ ба кӯчаи Алишери Навоӣ мераванд. Дар дохили биноҳо занозанӣ мекунанд, ки садои яке аз бачаҳо «корчара барор» гуфта баланд шудааст. Дар ҳамин лаҳза ҳама пароканда мешаванд.
Бурҳониддин низ бо як рафиқаш, ки ҳанӯз дастгир нашудааст ба як самт мегурезанд. Бобоҷон Ҳомидов, иштирокчии дигари муноқиша, ки бо худ корд доштааст аз паси Бурҳониддин рафта, ба тани Бурҳониддин чанд бор корд зада мегурезад. Танҳо пас аз аз пой афтидани Бурҳониддин як зан, ки дар ҳамон наздикӣ мезистааст омада, ҷароҳати Бурҳониддинро мебандад ва бо таксӣ ӯро ба беморхона Қарияи боло мебарад.
Дар ҳоле ки занозанӣ қариб ду соат идома кардааст, то замоне ки кордзанӣ намешавад касе аз сокинони маҳалла ба полис хабар намедиҳад.
Кордзан, Бобоҷон Ҳомидов, ки 18 сол дорад, хонандаи мактаб набудааст.
Аммо ин дар ҳолест, ки ба қавли масъулони мактаби рақами 66-и шаҳри Душанбе Бурҳониддин Зарипов, хонандаи синфи 11-и ҳамин мактаб бо даъвати ҳамсабақаш Аъзам Рабиев ба маҳалли занозанӣ рафта, гӯё Бурҳониддин намедонистааст, ки ҳамсинфаш бо як нафар вориди муноқиша шудааст.
Қурбонгул Толибова, мудири мактаби 66-и шаҳри Душанбе гуфт, Бурҳониддин Зарипов дар оилаи солим тарбия ёфта, қаблан дар ягон ҷанг миёни мактаббачаҳо ширкат накардааст. Аммо ин хонум мегӯяд он хонандагони мактабашон, ки дар ин задухурд иштирок доштанд дар ҳоли ҳозир дар боздошт буда, то ҳол ҳамроҳашон сӯҳбате анҷом надодааст, ки ҷузъиёти бештари масъаларо пурсон шавад: «ШКД-и Сино 2 зангҳои телефонии Бурҳониддинро дида, ҳамон рӯз бо ҳар нафаре аз ҳамсабақонаш дар ин робита гап задааст барои бозпурсӣ бурданд. Аммо маълум нест то ҳол кадоме аз онҳо дар ин ҷанг даст дошта ва кадоме.»
Мудири мактаби 66 мегӯяд, онҳо рӯзи сар задани ҳодиса дар мактаб маҷлис дошанд , ки ба ин сабаб сари вақт аз қазия огоҳ шуда натавонистанд.
Полис мегӯяд, дар задухурд миёни мактаббачаҳо хонандагони мактаби 54-и шаҳри Душанбе низ ширкат доштаанд. Аммо раҳбари ин мактаб мегӯяд ҳамаги як хонандаи мактабашон чун шоҳиди ҳодиса даъват шудааст. Раъно Ёрова, мудири мактаби 54 дар сӯҳбат бо мо афзуд , як хонандаи мактаби онҳо ,ки барои ба тамрин рафтан аз макони ҳодиса мегузаштааст, ба шӯъбаи корҳои дохилӣ даъват шуда, дар боздошти пешакӣ мебошад.
Дар соли ҷорӣ дар Душанбе 11 занозании мактаббачагон ба қайд гирифта шудааст, ки дар сетои онҳо истифода аз силоҳи сард ва захмӣ шудани наврасон ба қайд гирифта шудааст. Аммо рӯзи 30-юми май аввалин бор занозании гурӯҳие рух дод, ки аз шабакаи иҷтимоӣ сарчашма гирифт ва на танҳо падару модарон, балки мақомоти давлатиро нигарон кардааст, ки чӣ гуна мешавад, аз истифодаи фоҷиаомези шабакаҳои иҷтимоӣ пешгирӣ намуд.
"Ҷанги тан ба тан" дар пушти ҳайкали Сино
Муноқишаи миёни хонандагони мактаби 66 ва мактабҳои дигари пойтахт ба кордзанӣ анҷом ёфта ва боиси марги як нафар шудааст. Гуфта мешавад, сабаби "ҷанги тан ба тан" баҳси ду наврас дар шабакаи иҷтимоии "Одноклассники" шудааст.
"Ҷанги тан ба тан"-и хонандагони мактабҳои 66 ва чанд тан аз дигар мактабҳои миёнаи пойтахти Тоҷикистон мунҷар ба ҳалокати як хонандаи синфи 11 шудааст. Мақомот мегӯянд, дар иртикоби ин қазия, ки рӯзи 30 май рух додааст, алакай 10 нафар, бо шумули 9 хонандаро дастгир кардаанд.
Масъулони мактаби 66-и шаҳри Душанбе мегӯянд, нафари кушташуда Бурҳониддин Зарипов – хонандаи синфи 11-и ҳамин мактаб буд, ки бо даъвати ҳамсабақаш ба маҳалли занозанӣ рафтааст. Аммо дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» на Бурҳониддин, балки Аъзам Рабиев - ҳамсинфи Бурҳониддин - бо як ҷавони 24-сола баҳси лафзӣ мекунад ва дар натиҷа ҳарду якдигарро ба «ҷанги тан ба тан» даъват мекунанд.
Ба қавли масъулони мактаби 66, Аъзам пеш аз рафтан ба ин «ҷанг» ҳамсинфи худ – Бурҳониддинро телефонӣ занг зада, ба пушти ҳайкали Сино даъват мекунад. Аммо гӯё Бурҳониддин ҳам намедонистааст, ки ҳамсинфаш бо як нафар вориди муноқиша шудааст. Ҳоло дар қатори дигар хонандагони боздоштшуда Аъзам Рабиев ҳам дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доштааст.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 2 июн дар сомонааш ин занозаниро "амали зишт" ба қалам дода, дар бораи ҷузъиёташ чунин навиштааст: "Рӯзи 30.05.с.2014, шаҳрванд Зарипов Шамсиддин соли таваллудаш 1957, сокини ш.Душанбе ба мақомоти милитсия муроҷиат намудааст, ки ҳамин рӯз, тахминан соати 20:00-дақиқа, дар кӯчаи А.Навоии пойтахт назди яке аз биноҳо, шахсони номаълум писари ноболиғи 17-солааш, хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти умумиро зери лату кӯб қарор дода, сипас бо олоти буранда ба ӯ дар қисми шикамаш ҷароҳат расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа, писари ноболиғаш аз ҷароҳати бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст."
Мақомоти умури дохила мегӯянд, дар пайи ин занозанӣ "дарҳол барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон" аз тарафи раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе гурӯҳи фавриву ҷустуҷӯӣ ташкил шуда, рӯзи 31 май "ҳамчун гумонбар ба қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ нӯҳ нафар ноболиғони 17-18 сола, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо ва шаҳрванд Асоев Баҳрулло, соли таваллудаш 1995, сокинони ш.Душанбе дастгир карда шуданд."
Боздиди вазири маориф аз мактаби 66
Ба гуфтаи ин манбаъ, муноқишаи хонандагон дар пайи баҳсе дар шабакаи иҷтиомии Одноклассники рух дода ва боиси ҳалокати яке аз онҳо шудааст.
Намояндаи вазорати маориф мегӯяд, ки ин ҳодиса рӯзи 30-юми май тахминан соати 7-и шом дар пушти ҳайкали Абӯалӣ ибни Сино, дар шафати идораи «Барқи Тоҷик» рух додаст.
Ба гуфтаи як манбаи огоҳ, ин ду хонанда дар шабакаи иҷтимоии Одноклассники бо ҳам шинос мешаванд ва дар як мавзуе баҳси тунде мекунанд, ки дар ниҳоят ҳамдигарро бо алфози қабеҳ дашном медиҳанд ва ҳатто ба "дуэл" даъват мекунанд.