Покистон: Эълони номзадҳои сабқати президентӣ

Осаф Алӣ Зардорӣ - раҳбари Ҳизби мардумии Покистон ва шавҳари марҳум Беназир Бҳутто аз рақибони худ бештар маъруфият дорад

Комиссиюни интихоботии Покистон исмҳои номзадҳои интихоботи раисиҷумҳури ин кишварро эълон кард.

Осаф Алӣ Зардорӣ - раиси Ҳизби мардумии Покистон ва шавҳари собиқ нахуствазири кишвар Беназир Бҳутто, Саид-уз-Замон Сиддиқӣ - додситони барканоршудаи Девони олии Покистон ва номзад аз Лигаи мусулмонони Покистон ва Мушоҳид Ҳусайн Саид – номзади ҳизби тарафдори собиқ раисиҷумҳури ин кишвар Парвиз Мушарраф номзадҳо ба мақоми раёсатҷумҳури ҳафтаи ояндаи Покистон ҳастанд.

Раисиҷумҳури Покистон бо раъйдиҳии намояндагони Маҷлиси аёлатӣ ва федеролии ин кишвар баргузор мешавад.