Мавҷи заминҷунбӣ дар Ховари Миёна

Мавҷи заминларза имрӯз Лубнон, Исроил ва Навори Ғаззаро такон дод. Дар шаҳрҳои ҷануби Лубнон мардум аз тарси такони пуршиддат ба кӯчаҳо рехтанд. Аз ҳалокати инсонҳо ё вайрон шудани иншоот хабар наомадааст. Се рӯз пеш ҳамин гуна заминҷунбӣ дар ҷануби Лубнон дар Исроил ва Навори Ғазза низ эҳсос гашт, ки заъифтар буда, нерӯяш ба 4 дараҷаи ҷадвали Рихтер баробар буд.