Обама дар ростои баррасии стратегияи Афғонистону Покистон, бо мақомоти амниятии ИМА мулоқот кард.
Оҷонси хабарии "Франс-Пресс" гузориш медиҳад, ки ин нишаст дар Кохи Сафед дар ҳоле баргузор шуд, ки дар мубориза алайҳи шӯришиёни мусаллаҳ дар марзи Покистону Афғонистон аз ихтилофот миёни Вашингтон ваИсломобод сухан гуфта мешавад.
Қасри Сафед мегӯяд, дар ин нишаст илова бар раисҷумҳур Барак Обама ва Роберт Гетс, вазири дифоъ инчунин мушовири амнияти миллӣ, намояндаи доимии Амрико дар СММ ва раиси истихбороти миллии Амрико дар утоқи баррасии вазъият ҳозир буданд.
Ҷо Байден, муовини раисҷумҳур ва генерал Девид Петреус, фармондеҳи умумии нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон ва сафирони ИМА дар Афғонистон ва Покистон аз тариқи видео-конфронс дар ин нишаст иштирок доштанд.
Интизор меравад, раисҷумҳур Обама рӯи оғози хуруҷи сарбозони амрикоӣ аз моҳи июли соли ҷорӣ рӯи ҳидоятҳои мақомоти артиш баррасиро оғоз кунад. Аммо сухангӯи матбуотии Обама гуфтааст, нишасти рӯзи душанбе барои тасмимгирӣ набуда, балки баррасии сиёсӣ буд, ки ҳар чанд гоҳе доир мешавад.
Коршиносони ғарбӣ мегӯянд ин баёнгари он аст, ки оғози хуруҷи сарбозони амрикоӣ дар моҳи июл аз Афғонистон рамзӣ хоҳад буд, аммо дар айни ҳол Амрико ва муттаҳидони он ба интиқоли масъулиятҳои амниятӣ ба қувваҳои афғон бештар таваҷҷӯҳ хоҳанд кард.
Мақомоти амрикоӣ ба шакли тадриҷӣ масъалаи хуруҷи сарбозон аз Афғонистонро сард сохтаанд ва ба ивази он рӯи ин мавзӯъ таъкид доранд, ки бахши аъзами сарбозони амрикоӣ дар соли 2014 аз Афғонистон хориҷ хоҳанд шуд. Поёни соли 2014 замоне аст, ки бар асоси тавофуқи Лисаббон, масъулиятҳои амниятӣ ба таври комил ба қувваҳои афғонӣ супурда хоҳад шуд.
Бахши аъзами сарбозони амрикоӣ дар соли 2014 аз Афғонистон хориҷ хоҳанд шуд...