Клинтон хушунатҳои Сурияро маҳкум кард

Ҳилларӣ Клинтон

Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар як нишасти хабарӣ хушунатҳо дар Сурияро маҳкум кард ва гуфт, Амрико “бахусус нигарони авзоъ дар Ҳумс аст, ки гузоришҳои мутааддид аз онҷо ҳокии хушунат ва қурбониҳо чӣ дар байни мардуми мулкӣ ва чӣ дар байни маъмурони давлатист.” Хонум Клинтон гуфт, тадқиқи ин ахбор ба далели ба маҳалли ҳодиса роҳ надодани журналистҳо ғайримумкин аст. Фаъолон дар Ҳумс мегӯянд, аз рӯзи душанбе ба ин сӯ беш аз 20 тазоҳургар сари тири нирӯҳои давлатӣ шудаанд. Рӯзи чоршанбе, бо вуҷуди аз сӯи давлат лағв шудани вазъи изтирории ҳанӯз соли 1963 ҷоришуда, эътирозҳои алайҳи давлати Башор Асад дар шаҳри Бониёс, дар шимолуғарби Сурия низ доир шуд. Тазоҳургарон истеъфои раисиҷумҳур Асадро талаб мекунанд.