Дар вилояти Тахори Афғонистон мардони хайот дигар ҳақ надоранд дар хайотиҳо барои духтани либос андозаи бадани занонро бигиранд. Дар ин бора шурои уламои вилоят фармоне содир кардааст. Абдулатиф Иброҳимӣ-волии вилояти Тахор ин тасмимро таъйид кардааст, вале нагуфтааст, ки дар сурати риъоят нашудани ин муқаррарот чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.