Кумитаи марказии интихоботии Русия асноди пешниҳодии дигарандеши замони шӯравӣ Владимир Буковскийро барои ширкат дар интихоботи президентӣ беэътибор эълон кард. Ба Буковский, ки муқими Бритониёст гуфта шудааст, ки ӯ 10 соли охирро дар Русия назистааст ва биноан ҳаққи пешбарӣ шудан ба номзадиро надорад. Қарори мақомот шумораи номзадҳоро ба мақоми президенти Русия ба 6 нафар коҳиш дод, ба ҷумлаи ноиби аввали сарвазир Русия Дмитрий Медведев, ки аз пуштибонии президент Владимир Путин бархӯрдор аст.