Муҳоҷироне, ки намепӯшанду намехӯранду мариз мешаванд

Шурӯъ аз моҳи декабр дар Қазоқистон якбора сард шудани ҳаво мушкили муҳоҷирони тоҷикро афзуд ва бар илова, шумораи беморон ҳам дар байни онҳо бештар гардид.

Зеро ба гуфтаи Эҳсон Эсанов - сокини ноҳияи Исфара, ки дар Сабзбозори Алмаато солиёни тӯлонӣ ба тиҷорати меваи хушк машғул аст, ағлаби муҳоҷирон, ки тоза аз Тоҷикистон меоянд, ба зимистон омодагӣ намебинанд:

«Ҳамин баъзе бачаҳое, ки нав меоянд аз Тоҷикистон, сару либоси тунук катӣ. Ин ҷоя зимистонаш бисёр хунук. Бисёр бачаҳо барои сарфа кардани пул, пул сарф накарда, худашонро эҳтиёт накарда, аз шикам сарфа мекунанд, ё аз либоспӯшӣ. Даррав мебинед, ки ҳамон бачаҳо зимистон набаромада танашон нотоб шудааст. Дар ин ҷой уколу дору бисёр қимат. Агар ба назди ягон духтур равед, баъди 500 танга додан ба наздашон медароед, ба 2000- 3000 танга дору менависанд, яъне ба 40 -50 доллар. Агар тагашро кофта бароед, бисёр бачаҳои мо сару либоси гарм пушидагӣ не ва ё аз шикамашон сарфа кардагию нағз хӯрок хӯрдагӣ не ва дар натиҷа ё сулфа мешаванд. Ё баъзеашон грипп гуфта мегарданд. Ду- се тоаш дарди дандон гуфта гаштагӣ буд, ревматизм шудааст. Вай аз чӣ шудааст гӯед, аз пояш. Ба пояш дуруст напӯшидааст, туфлии тобистона катӣ аз Тоҷикистон омадааст…»

Ҳамдеҳаву дар муҳоҷират ҳампешаи Эҳсон, яъне тоҷир Абдухаллоқ Раҳимов, ки худ пизишк аст, мегӯяд, ҳамаи ин омил ва ба вижа бепарвоӣ дар сармо муҳоҷиронро ғолибан ба бемориҳои гуногун гирифтор месозад:

«Дар байни муҳоҷирон дар шаҳри Алмаато асосан касалиҳои шамол кашидани шуш, дарди гулӯ, касалиҳои буғум, аз он ҷумла полуартрит ва касалиҳои гурда бештар вомехӯранд. Мо онҳоро асосан дар ҳамин ҷо худамон ва ё бо ёрии дигар табибоне, ки дар ин ҷо ҳастанд, табобат мекунем. Ҳафтае нест, ки ба мо ягон муҳоҷири тоҷик муроҷиат накунад бо дарди гулӯ, буғумҳои пою даст…»

Пизишк иброз медорад, ки муҳоҷирони бемор аввалтар аз ҳама ба ӯ муроҷиат мекунанд ва вай то аз дасташ меояд, онҳоро дармон мебахшад. Агар имкони дар маҳалли зист табобат кардан набошад, онҳоро ба шифохонаҳо роҳхат медиҳад ва ё ба Ватан - ба Душанбеву Хуҷанд мефиристад. Табиб чун ҳама пизишкон пешгирии беморӣ ва роҳандозии корҳои таблиғотиро дар байни муҳоҷирон яке аз василаҳои асосии таъмини саломатии ҳамдиёронаш медонад. Зеро ҳар андоза муҳоҷирон дар бораи роҳҳои сироят ё пешгирии бемориҳои гуногун иттилоъ дошта бошанд, онон камтар мубталои беморӣ мешаванд. Аз ин хотир, вай алъон бештар ба ҳамдиёрони муҳоҷираш асосан роҳҳои пешгирии бемориҳоро дар фасли сармо мефаҳмонад, то ба гуфтаи вай, онон пою сарашонро гарм нигоҳ доранду тановули ғизои гармро фаромӯш накунанд.

Ҳамсӯҳбати мо Эҳсон Эсанов боз як роҳи ба беморӣ гирифтор шудани бозаргонҳои муҳоҷирро ёдовар мешавад. Ба гуфтаи ӯ, як тоифа бозаргонҳо ба хонавода ва падару модарашон пул фиристоданӣ мешаванду ба саломатиашон таваҷҷӯҳ намекунанд.

«Бисёриашон мегӯянд, ки он ҷо падару модарамон моро нигоҳ карда истодаанд, ки кай фарзандонамон пул мефиристанд. Албатта, ба онҳо ҳам пул фиристодан даркор, лекин камтар ба худ, ба саломатию ояндаи худ ҳам фикр кардан даркор.»

Ҳамаи ин омилҳои ба бемориҳои гуногун печидани муҳоҷирон мешаванд. Саид Қирғизов –бозаргони қӯрғонтеппагӣ, ки дар бозори «Барахолка» кор мекунад, мегӯяд, ки ағлаби тоҷикон ба Ватан бемор бармегарданд ва баъд чор танга маблағи пайдокардаашонро сарфи табобати хеш мекунанд.

«Ҳама мардуми муҳоҷири тоҷик, ки ин ҷо ҳастанд, ҳамаашон касалӣ шуда мераванд. Ягонтоаш обод нест, як сол ё ду сол кор мекунад, мераваду дар Тоҷикистон панҷ - шаш сол табобат мекунад. Ҳамааш таъсири бозор. Дар бозор дар хунукии 15- 20 дараҷа бачаҳои ҷавон ин ҷо меистанд. Ҳамаашон касалӣ мешаванд, пойдард мешаванд, гурдаҳояшон дард мекунад. Ҳамаашон боз мераванд, пули ба даст овардаашонро дар Тоҷикистон барои табобат медиҳанд.»

Пизишк Абдухаллоқ Раҳимов бошад таъкид мекунад, ки агар муҳоҷир, ба истилоҳ, илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ бикунаду ба саломатии хеш таваҷҷӯҳ намуда, худро аз сармову ҳар гуна омилҳои дигар ҳифз бикунад, ҳам танаш сиҳат мегардаду ҳам кору тиҷораташро дар муҳоҷират муваффақона пеш мебарад.