Як мақоми аршади Амрико гуфтааст, сипари зидди мушакӣ дар Аврупо ҳамчунон зарур аст, зеро Вошингтон афзоиши хатари мушакӣ аз суи Иронро эҳсос мекунад. Ин нуктаро Ҷон Руд-кафили муъовини вазири хориҷаи Амрико дар Будопешт баъд аз мулоқот бо дипломотҳои Руссия изҳор дошт. Дар мулоқот масъалаи истиқрори сипари зидди мушакии Амрико дар Аврупои Марказӣ баррасӣ шуд.