Тоҷикистон 7 миллион доллар қарз мегирад

Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Тавсиа эълом кард, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон бештар аз 7 миллион доллар ихтисос медиҳад. Ин қарзро бонкҳои маҳаллии Тоҷикистон ба муассисаҳои кишоварзӣ бахусус занони кишоварз қарз хоҳанд дод, то онҳо битавонанд тухмӣ ва ё техникаи кишоварзӣ бихаранд. Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Тавсиа мегӯяд, ки тайи солҳои наздик бар асоси барномаи рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ба ин кишвар 35 миллион доллар қарз хоҳад дод.