Ҳамлаи пурқурбонӣ дар фурӯшгоҳи Амрико

Ҳангоми тирандозӣ дар як фурӯшгоҳи бузурги Иёлоти Муттаҳида дар аёлати Небраска нӯҳ нафар кушта ва панҷ тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти пулиси шаҳри Омаҳаи Амрико гуфтанд, рӯзи чаҳоршанбе як марди ношинос вориди фурӯшгоҳ шуда ва ба сӯи харидорон тир андохтааст ва дар ниҳоят худро куштааст.