Вазири амрикоӣ бидуни эълон ба Ироқ рафт

Имрӯз ғайримунтазира вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс ба Ироқ сафар кард. Дар паи боздиди дурӯза аз Афғонистон Гейтс вориди шаҳри шимолии Мавсили Ироқ шуд. Ба қавли дафтари матбуотии вазорати мудофиаи ИМА Гейтс мехоҳад бо чашмони худ беҳбуди вазъи амниятӣ дар Ироқро мушоҳида кунад. Гейтс се моҳ пеш аз Ироқ зиёрат карда буд. Пешбинӣ мешавад, ки Гейтс аз раҳбарони ироқӣ даъват хоҳад кард, аз оромии кунунӣ истифода бурда, раванди оштии миллиро суръат бахшанд.