Дар Тоҷикистон дафтари минтақаии як созмони амрикоӣ бо номи Коунтерпат Интернешенал дар Кулоб баста шудааст. Ин дар ҳолест, ки ин созмони маъруфи амрикоӣ барои иҷрои тарҳе 4 моҳи дигар муҳлат дорад. Ҳоло намояндагии Коунтерпат Интернешенал дар Кулоб дороии худро дар ин минтақа дар ихтиёри созмонҳои дигари байналмиллалӣ, яъне Каре Интернешенал ва Сейв Чилдрен ё Наҷоти Кудакон мегузорад. Вале дафтари марказии ин созмон дар Душанбе ба фаъолияти худ идома медиҳад.