Фурсати интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Лубнон

Имрӯз парлумони Лубнон бояд барои интихоби раиси ҷумҳурии нави ин кишвар даъват шавад. Парлумон бояд ҷойгузини Эмил Лаҳуд, раҳбари рӯ ба Сурияи Лубнонро, ки мӯҳлати раёсатҷумҳурияш ба охир расидааст, интихоб кунад. Аз ҳоло мухолифони рӯ ба Сурия гуфтаанд, ки ин интихоботро бойкот мекунанд.