Иҷрои ҳукми Дилором Алӣ муваққатан боздошта шуд

Мақомоти додгустарии Эрон муваққатан иҷрои ҳукми додгоҳии як фаъоли ҳуқуқи башарро дар ин кишвар бозмедоранд. Хонум Дилором Алии 24-сола соли гузашта дар миёни даҳҳо дигар ширкатдорони намоишҳои эътирозӣ иштирок кардааст, ки гуфтаанд, қонунҳои Эрон ҳуқуқи занҳоро поймол мекунад. Вакили хонум Алӣ - Насрин Сутуда дар сӯҳбат бо радио Фардо гуфт, ки иҷрои ҳукми шахси мавриди ҳимояташ муваққаташ боздошта мешавад. Дар оғоз Дилором Алӣ ба 2 соли зиндон ва 10 шаллоқ айбдор шуд. Панҷ зани дигари ширкатдори эътирозҳои соли 2006 ба мӯҳлати то як соли зиндон ва се сол зиндони шартӣ айбдор шуданд.