Ислом ва илму фан

Маблағгузориҳое, ки кишварҳои исломӣ ва ё мусулмоннишин барои илму пажӯҳиш мекунанд, дар муқоиса ба маблағгузориҳои кишварҳои ғарбӣ ба ин соҳа мисли мурест дар пеши фил. Масалан, ҳоло 57 кишвари узви Созмони конфронси исломӣ, ки Тоҷикистон низ ба он шомил аст, барои илму пажӯҳишҳои мухталиф маблағеро сарф мекунанд, ки 0, 37 дар сади тавлидоти нохолиси миллии онҳоро ташкил медиҳад, ки дар баробари нишондиҳандаи ҷаҳонӣ рақами ночизест.

Рӯзномаи Файненшел Таймс менависад, ин рақами ночиз баёнгари он нест, ки кишварҳои исломӣ бинобар камбизоат будан барои илм чунин кам хароҷот мекунанд. Масалан, Арабистони Саудӣ ва Кувайт дар муқоиса ба дигар кишварҳои исломӣ аз ҳама камтар ба соҳаи илм маблағгузорӣ мекардаанд.

Дар соли 2005 17 кишвари ҷаҳони араб, дар маҷмӯъ, тақрибан 13 500 пажӯҳиши илмӣ анҷом додаанд, дар ҳоле, ки танҳо худи Донишгоҳи Ҳарварди Амрико бештар аз 15 400 пажӯҳишу рисолаҳои илмӣ анҷом додааст.

Соли 2002 дар кишварҳои арабӣ донишмандон асосан дар се бахш ба пажӯҳиш таваҷҷӯҳ карданд, ки он ҳам, “фанновариҳои бенамаксозӣ” , “парвариши уштурҳо”, ва ҳамчунин “шоҳинҳо” будааст. Бо назардошти ин гуна муносибот ба илм, шореҳон гуфтаанд, ки дини Ислом душмани навовариҳо аст.

Аммо акнун ин вазъият дар ҳоли тағйирёбист. Тайи 12 моҳи ахир кишварҳои ҷаҳони араб эъломҳои чашмхиракунандае кардаанд. Моҳи майи соли равон Имороти Муттаҳидаи Араб эълом кард, ки барои таъсиси марказҳои таҳқиқотӣ дар донишгоҳҳои кишвар 10 миллиард доллар ихтисос медиҳад. Дар Нигерия ҳукумат барои рушди фанновариҳои тавлидоти нафт ва таҳсил 5 миллиард доллар рехт. Дар Қатар дар наздикии пойтахт шаҳри Доҳа як шаҳраки таълимӣ бунёд карда ва бахшҳои панҷ донишгоҳи мӯътабартарини ҷаҳонро ҷой додаанд.

Пештар аз ин, дар соли 2006 шоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ дар шаҳри Тоиф санги Донишгоҳи илму фанноварии навро гузошт, ки барои бунёди он 2 миллиарду шашсад миллион доллар ҷудо шудааст.

Дар сатҳи байналмилалӣ соли 2005 Созмони конфронси исломӣ барномаи даҳсолаи рушди илму фанновариро қабул кард, ки бар асоси он ба кишварҳои узв тавсия дода шудааст, то 9 соли дигар яку аз даҳ 2 фисади тавлидоти нохолиси миллии худро сарфи илму маориф кунанд.

Аммо то куҷо кишварҳои ҷаҳони ислом дар соҳаи илму фанноварӣ муввафақ мешаванд, вақт нишон медиҳад. Рӯзномаи Файненшл Таймс мегӯяд, зоҳиран теъдоди ниҳоят ками онҳо шояд тавонанд бо Аврупову, Ҷопон ва ё Амрико дар соҳоти мазкур рақобат кунанд, вале кишварҳои хурде ба мисли Финландия, Ирландия ва Сингапур дар даҳаи гузашта бо ихтироъи фанновариҳои худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштаанд ва шояд ҷаҳони ислом низ чунин кунад.