Амнести Интернешенал ё Созмони Афви Байналмиллал аз Қирғизистон хостааст, ки ба куштори Алишер Соҳибов- рузноманигори мустақил расидагии ҷиддӣ сурат бигирад. Ин созмон гуфтааст, куштори Алишер Соҳибов ба озодии сухан дар Осиёи Марказӣ таъсири дардовар расондааст. Алишер Соҳибов-рузноманигори 26-солаи узбактабори Қирғизистон 24-уми октябр дар шаҳри Уши Қирғизистон аз тири афроди номаълум ба қатл расид.