Тоҷикистон дар даҳ дақиқаи аввали қисми дуввум ба дарвозаи Бангладеш се тӯб зад.
Аввал, Нӯъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаҳои 47 ва 48: дар ду дақиқа ду бор тӯбро вориди дарвозаи меҳмонон намуд.
Баъдан, дар дақиқаи 51 Ҷомихон Муҳиддинов ба танҳоӣ як ҳимоятгар ва дарвозабони меҳмононро фиреб дода ҳисобро 3 -0 намуд.
Ҳамлаҳои Тоҷикистон ҳамоно хатарноктар шуда идома доранд.