НАТО аз Туркия хештандорӣ мехоҳад

Яап Де Ҳуп Скеффер-ДК паймони НАТО гуфтааст, аъзои ин паймон ба Туркия дар баробари ҳамлаи шуришиёни курд изҳори ҳамбастагии комил мекунанд. Аммо аъзои паймон аз Туркия дархост мекунанд, ки дар посух ба он хештандорӣ кунад. Оқои Скеффер ин нуктаро дар ҳошияи мулоқоти НАТО дар Ҳолланд изҳор дошт.