Эрон бар зидди душман 11 000 мушак омода кардааст

Хабаргузориҳои расмии Эрон бо нашри хабаре аз қавли як мақоми низомии ин кишвар навиштанд, ки дар сурати ҳама гуна ҳамлаи зидди Эрон, ин кишвар дар дақиқаи аввали ин ҳамла тавони партоби 11 ҳазор мушакро хоҳад дошт.

Генерал Маҳмуди Чаҳорбоғӣ, фармондеҳи мушакии артиши Эрон гуфт, ки кишвари вай ба ҳадафҳои душман, ки аллакай муайян шудааст, мушак партоб хоҳад кард.

Бо ин ҳама, оқои Чаҳорбоғӣ мушаххасан оиди кадом пойгоҳи низомӣ ва ё исми кишвари душман сӯҳбат накард.