Бино ба гузоришҳои расида, дар ду инфиҷори шаҳри Карочии Покистон дастикам 120 нафар кушта, 200 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ду мошини бамгузоришуда дар наздикии мошини ҳомили Беназир Бҳутто-собиқ нахуствазири Покистон мунфаҷир шудааст. Гузориш мешавад, ки хонум Беназир дар ин ҳодиса осеб надидааст. Вай дируз баъд аз 8 соли табъид ба Покистон баргашт.