Шурӯъи хунсосозии ракетаҳои аз Шӯравӣ монда

Имрӯз дар машқгоҳи ҳарбии Теппаи самарқандӣ, воқеъ дар шарқи Душанбе, нобудсозии 108 ракетаи куҳнаи аз даврони Шӯравӣ бозмонда оғоз гардид. Гуфта мешавад, ин кор бо кумаки молии созмони САҲА (1500 000 евро) амалӣ гардидааст.

Ин миқдори аслиҳа, ки дар маҷмӯъ дорои 65 тонна моддаи таркандаи тротил мебошад, дар назар аст то охири моҳи ноябри ҳамин сол ба куллӣ аз байн бурда шавад.

Ба гуфтаи Владимир Пряхин, раиси маркази САҲА дар Душанбе, хунсосозии ин аслиҳа барои амнияти Тоҷикистон ва минтақа муҳим аст, зеро хатари эҳтимолии аз ҷониби гурӯҳҳои тундрав истифода шудани он ҳамеша боқӣ мемонд.