Ироқ: Амалиётҳои нав, қурбониёни нав

Дар силсилаи бомбгузориҳои худкушона дар маркази Бағдод камаш 17 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд.


Сухангӯи давлати Ироқ гуфт, дар амалиёти ахир 18 ошӯбгари ал Қоида кушта ва 62 тани онҳо боздошт шудаанд.


Вай афзуд, ин амалиёт муштаракан бо нирӯҳои ИМ дар Бақубаи шимоли Бағдод ҷараён гирифтанд.