Ҳикматёр оташбасро рад кард

Сухангӯи Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари ҳизби Исломии Афғонистон ва яке аз фармондеҳони мухолифи ҳукумат, мегӯяд, хабарҳои эълони оташбас аз тарафи ӯ ҳақиқат надоранд.


Дар як баёния ки аз номи Ҳикматёр ахиран аз тариқи як телевизиони хусусӣ пахш шуд, гуфтааст, ки сарбозони ӯ аз хушунат даст мекашанд.


Гулбиддин Ҳикматёр солҳои 90-уми қарни гузашта чанд муддат сарвазири Афғонистон буд. Соли 2006-ум ӯ дар як навор аз тариқи шабакаи телевизонии «ал-Ҷазира» эълом дошта буд, ки мехоҳад мусаллаҳонаш дар паҳлӯи ҷангиёни «ал-Қоъида» бошанд.


Се рӯз пеш вазорати дифоъи Афғонистон хабар дод, ки 30 тан аз мусаллаҳони Ҳизби исломӣ силоҳ ба замин гузоштанд ва омодагии худро барои ҳамкорӣ бо ҳукумат изҳор намуданд.