НАТО ва Тоҷикистон сари чӣ сӯҳбат мекунанд?

Ҳамроҳхон Зарифӣ вазири умури хориҷии Тоҷикистон, феълан бо даъвати ҳамтои олмонии худ Франк Валтер Штайнмайер, дар Берлин қарор дорад.

Интизор меравад имрӯз ӯ бо мақсади дидор аз ситоди НАТО ба Брюсел сафар кунад. Дар назар аст, ки вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва раҳбарони НАТО масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кунанд.