Қазияи размандаҳои зиндонӣ пайгирӣ мешавад

by
Дафтари таҳкими сулҳи СММ дар Тоҷикистон дар посух ба дархости занҳое, ки наздикони онҳо шомили афв нашудаанд, ба унвони дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон номае таҳия кардааст. Таври маълум пас тасвиби қонуни авф дар робита ба 10-умин солгарди имзои Cозишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон, як гурӯҳ занҳо, ки наздикони онҳо размандагони собиқи иттиҳоди мухолифин буданд ва шомили авф нагаштанд, дар назди бинои дафтари таҳкими сулҳи СММ дар Тоҷикистон даст ба эътироз заданд ва аз раҳбари ин дафтар Владимир Сотиров дархост карданд, ки арзи онҳоро ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон расонад ва ба озод намудани наздиконашон аз зиндонҳо мусоидат кунад.


Дар дафтари таҳкими сулҳи СММ дар Душанбе таҳияи инчунин мактуб ба унвони дастгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистонро таъийд карданд, вале ҷузъиёти ин номаро шарҳ надоданд. Ин дар ҳолест, ки ҳамчунин дар робита ба афв нашудани размандагони иттиҳоди мухолифини собиқ Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбарони собиқи иттиҳоди мухолифини тоҷик тасимим гирифтанд, ки номаи дигар ба унвони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ирсол кунанд. Муҳидин Кабирӣ, раиси ҲНИТ гуфт мехоҳем дар сӯҳбат бо додситони кулли Тоҷикистон дигарбора дақиқ намоем, ки оё размандагони собиқи иттиҳоди мухолифин шомили афви ахир шудаанд ё на? Ӯ мегӯяд агар воқеан қонуни ахири афв дар муқобили размандагони иттиҳоди мухолифини собиқ татбиқ нашуда бошад, пас бо инчунин дархост ба унвони раиси ҷумҳур номаи худро ирсол хоҳем кард.



Ин дар ҳолест, ки бар асоси қонуни афви ахир дар ҳоли ҳозир бештар аз чаҳорсад нафар маҳбусон аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд, ки 80 дарсади онҳо занон мебошад. Ва бар тибқи иттилоъи идораи умури зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон интизор меравад бар асоси қонуни ахири афв бештар аз 1000 нафар маҳбусон аз зиндонҳои кишвар озод шаванд.

Барот Юсуфӣ, Душанбе