Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҳангоми суханрониаш дар шаҳри Прага даъват кард, ки ҳама дигарандешони ҷаҳон, аз ҷумла дар Беларус, Мянма, Куба ва Ветнам, фавран аз маҳбасҳо озод карда шаванд.
Ин даъвати Буш дар конфаронси байнулмилалӣ оид ба демократия ва амният дар шаҳри Прага садо дод, ки дар он афроди маъруфи дигарандеш, аз ҷумла собиқ раисиҷумҳури Чехия Ватслав Ҳавел, собиқ вакили парлумони Исроил Натан Шаранский, собиқ чемпиони ҷаҳон оид ба шатранҷ Гарри Каспаров аз Русия низ, ҷамъ омада буданд.
Дигарандешҳои имрӯза, ба ақидаи президенти ИМА, раҳбарони ояндаи нерӯҳои демократиянд. Ӯ гуфт, Вошингтон барои кумак ба дигарандешон дар тамоми гӯшаҳои олам талош хоҳад кард.
Буш афзуд, ки кишварҳои аврупоӣ давраи гузариши вазнинро пушти сар намуда, имрӯз узви паймони NATO ва Иттиҳоди Аврупо шудаанд.
Раисҷумҳури ИМА ёдовар шуд, ки дар ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта шумораи кишварҳое, ки ба тақозои ҷомиъаи демократӣ ҷавобгӯ буданд, ба 45 баробар буд, вале имрӯз 120 мамлакат демократӣ ба шумор мераванд. Ӯ таъкид кард, давлатҳое, ки аз демократияву озодӣ баҳраманд ҳастанд, бояд ба мардуми кишварҳои дигар, ки баҳри бунёди ҷомиъаи озод дар кишварҳои худ талош мекунанд, кумак расонанд.