Талошҳои беҳбуди равобити Русия ва Амрико

Дар талоше барои беҳбуд бахшидан ба равобити дуҷониба вазири корҳои хориҷаи ИМА Кондолиза Райс ва раисҷумҳури Русия Владимир Путин мувофиқат кардаанд, то баёнияҳои ҷамъиятии ҳарду ҷониб мӯътадилтар шавад.


Вазири корҳои хориҷии Руссия Сергей Лавров, ки дар мулоқотҳо ширкат дошт, гуфт, онҳо ба мувофиқа расиданд, ки лаҳни изҳороти лафзӣ бояд нарм ва ҳар ду ҷониб ба мавзӯъҳои мушаххас тавваҷӯҳ кунанд.


Кондолиза Райс ақидаеро, ки гӯё байни ду кишвар ҷанги сарди нав сар задааст, рад кард, аммо таъкид намуд, ки баёнияҳои эҳсосотии соҳибмансабони Русия ба манфиати кор набудаанд.


Тафсилоти ин хабар дар бахши Набзи Ҷаҳон