Сӯйиқасд ба вазири умури дохилии Покистон

Бар асари як таркиши худкушона ҳангоми ҷаласае бо ширкати мардуми зиёд дар шимолу ғарби Покистон 26 нафар кушта шуданд ва вазир умури дохилии Покистон Офтобхон Шерпао захмӣ гардид. Полис мегӯяд, таркиш замоне садо дод, ки Шерпао нутқи худро дар ҳузури мардум дар шаҳраки Чорсада, 35-километрии Пешовар ба поён мерасонд. Ҳамлавари худкуш дар наздикии минбар худро мунфаҷир кард. Ду ҷонпоси Шерпао, ки ба нигоҳ доштани маргталаб кӯшиш карданд, низ кушта шуданд.


Полис мегӯяд, аз рӯи сари ҷудошудаи ҳамлакунанда афғон будани миллияти ӯро муайян кардаанд. Дар Вилояти Шимолғарбии Марзии Покистон шумори зиёди паноҳандагони афғон ба сар мебарад. Дар 15-уми апрел Покистон тасмим гирфт, афғонҳои номнависнашударо ба таври иҷборӣ аз кишвар хориҷ кунад.