Боздиди ҳайати Бонки Осиёии рушд аз Тоҷикистон

Як ҳайати Бонки Осиёии Рушд бо сарварии Роберт Си, масъули ҳамкориҳои минтақавии ин ниҳоди молӣ дар Осиёи Марказию Шимолӣ ахиран вориди шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон шудааст.




Гуфта мешавад,ин ҳайат қарор аст дар ҷараёни сафар бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом диҳад. Интизор меравад ҷонибҳо пиромуни раванди иҷрои Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ табодули назар кунанд.




Намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе иттилоъ додааст,ки моҳи октябри соли равон дар назар аст дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе Ҳамоиши шашуми вузарои иқтисодӣ оид ба лоиҳаи Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ доир гардад.




Дар чаҳорчӯби барномаи мазкур ҳашт кишвари Осиёи Марказию Шимолӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Чин, инчунин Бонкҳои Осиёӣ ва Исломии Рушд, Барномаи рушди СММ ва Бонки Ҷаҳонӣ барои коҳиши мизони фақр дар ҳудуди мамолики аъзо ҳамкорӣ хоҳанд кард.




Ҳадафи аслии барнома маблағгузории лоиҳаҳои муҳимми саноӣ, беҳсозии сиёсати минтақавӣ оид ба нақлиёту энержӣ ва мусоидат ба рушди тиҷорат ва ҳамчунин бахши хусусӣ арзёбӣ шудааст.

Носирҷони Маъмурзода, Душанбе