Зимистони муҳоҷирон

Тайи зимистони соли 2003 ҳафт нафар муҳоьирони тоҷик, бо шумули як зан дар пайи сармо хурдан дар Русия ҷони худро аз даст додаанд. Омори марбутаи солҳои ахир дар даст нест. Маргу мири муҳоҷирони тоҷик дар Русияро пизишки тоҷикии муқими Маскав Атоҷон Маҷидов ба муфлиси ва бенавоии муҳоҷирон ва ҳамчунин зарбу лат аз суи пулис бастагӣ медиҳад.

"Ин ҳолат вақте рух медиҳад, ки одам хеле гурусна бошад. Ду- се руз чизе нахурда бошад. Аввал рагҳои хунгарди беруниро сармо мезанад ва пас узвҳои даруниро, зеро бадан дагар тоби муқовимат надорад. Ба фикри ман сабаби ҳалокати тоҷикон дар сармо ҳамин аст. Гузашта аз ин, пулис онҳоро мезанад ва одами маҷруҳ худро ба макони гарм расонида наметавонад."

Бино ба шоҳидии духтур муҳоҷирони тоҷик дар зимистонҳои қаҳратуни Маскав ҳам аз ноилоҷӣ дар ҳавои боз иморат месозанд, дар бозорҳо кор мекунанд. Дар ҳамин ҳол Шамсиддин Нуриддинов аз минтақаи Урал мегуяд:

"Агар ҳаво даҳ дараҷа зери сифр бошад, кори сохтмонҳо қатъ мешавад, бинокорон ба пардози дарунии сохтмонҳои навбунед ва ё таъмир мегузаранд, вале дар бозорҳо дар шароити сардии наздик ба 30 дараҷа ҳам бозори хариду фуруш гарм аст."

Шамсидин ҳамчунин гуфт:

"Дар минтақаи Урал, ки сутунмуҳраи Сибир ва бахши урупоии Русия ба шумор меравад, ҳаво гоҳе то 40 дараҷа сард мешавад ва аммо моҳи декабри соли равон ҳануз зери сифр нарафтааст."

Гуфтанист, дар қиёс ба соли гузашта, зимистони соли равон дар саросари Русия гарм аст. Дар Маскав ҳафтаи охир дамои шабонарузии ҳаво 3 дараҷа болои сифр буд ва аммо зимистони соли 2005 дар айни сармоҳои шадиди пойтахти Русия дар се ҳодисаи сухтор 16 нафар муҳоҷирони тоҷик бо шумули занону кудакон ҷони худро аз даст доданд. Бино ба таҳқиқоти анҷомшуда муҳоҷирони тоҷик ба далели беҳуқуқӣ ва надоштани имкони зиндагии шоиста дар маконҳои нообод паноҳ мебаранд ва гоҳе гирифтори бадбахтӣ мешаванд.
Бино ба омори Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ин кишвар ҳарсола то 500 ҳазор муҳоҷирони тоҷик барои кори мавсими меоянд ва дар охири мавсим то 300 ҳазори онҳо ба ватан бармегарданд.

Дар ҳамин ҳол мушоҳидаҳо нишон медиҳанд аксари онҳое ки дар зимистон дар Русия боқи мемонанд, имкони бозгашт ба ватанро надоранд, ё ба далели пайдо накардани ҷой кор дуруст, ва ё гаронии роҳкиро, зеро ҳар тирамоҳ ба ҳангоми бозгашти муҳоҷирон билети ҳавопаймои Маскав - Душанбе то 300 доллар боло меравад ва дар хатти роҳи оҳани Маскав -Душанбе билетҷалобон нархи билетро, ки андаке беш аз 150 доллар аст то 250 доллар боло мебаранд. Ва ин ҳам яке аз мушкилоти мутаъадиди муҳоҷирони тоҷик аст, дар фасли сармои шадиди Русия.