САҲА: "Дар интихоботи президентии Тоҷикистон камбуди рақобати воқеӣ ба чашм мехӯрд."

Искандар
Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мегӯяд, ки дар интихоботи президентии Тоҷикистон камбуди рақобати воқеӣ ҷой дошт. Бар илова нозирони САҲА ба як идда хилофкориҳо аз ҷумла овоздиҳии як нафар ба ҷои чанд кас ишора мекунанд. Бар пояи омори пешакӣ дар интихоботи президентии 6-уми ноябри соли 2006-ум президенти феълии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо тахминан 79,3 дар сади овозҳо пирӯз шудааст. Рақиби наздиктарини ӯ ҳамагӣ 6,2 фоизи раъйҳоро касб намуд. Дар изҳороти САҲА омадааст: "Набудани маъракаи ҷиддии интихоботӣ ва алтернативаҳои воқеӣ эътимод ба ин интихоботро таҳти суол мегузорад".