Салом хидмати дастандаркорони радиои Озодӣ ва сипос барои ташкили ин сомона.
Пас аз эълони баста шудани панҷ сомона, ки аввалин бор аз расонаи шумо дарёфтам, бо ин сомонаҳо ошно шудам ва то ин вақт аз мавҷудияти онҳо хабар надоштам.
Ва аз сӯи дигар шод шудам, ки шикоятҳои зиёд сабаби дубора боз шудани ин сомонаҳо гардид. Ин як муваффақият аст.
Инро ҳам гуфтаниям, ки вақте ки китоби Салмон Рушдӣ сабаби эътирози ҷаҳони ислом шуд, мардум кӯшиданд, онро пайдо кунанд ва бинанд чӣ гап аст. Ман низ онро ба 70 доллар харидам, то онро бидонам. Ҳамин тавр вақте ки мақолаи Зиё Абдулло дар "Ҷумҳурият" чоп шуд ва мавриди ҳамлаи мусулмонони Тоҷикистон қарор гирифт, одамон ба ҷустуҷӯи он афтоданд.
Ба фикрам, ин кори ҳукумати Тоҷикистон танҳо ҳамин гуна натиҷа ба бор овард.
Бо эҳтиром
Абдулло
-------------------------------------
Аз Озодӣ: Рӯзи чаҳоршанбе (11 октябр) Олим Давронов аз Ожонси танзими иртибоботи вазорати мухобироти Тоҷикистон гуфт, ки пас аз шикояти созмонҳои байнулмилалӣ ва ғайридавлатӣ вазири мухобирот дастур додааст, ки сомонаҳоро боз кунанд.
Баста шудани ин сомонаҳо мустақиман ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, Бо фармони ҳамин шахси, ба истилоҳ, адолатпараст ин сомонаҳо масдуд карда шуданд. Шармандагӣ, вой дод аз давлати демократӣ!
R-e-S-p-E-c-T
--------------------------------------
Салом, хонандагони гиромӣ! Миннатдорем аз сомонаи Ozodi, ки барои мо чунин имкони сухан гуфтанро фароҳам овардааст. Аз баста шудани панҷ сомонаи ошкорбаён ҳамаи мо хабардор ҳастем ва дар ташвиш уфтодем, ки чаро ҳукумати мо ба ин корҳои ношоиста даст мезанад. Аз чӣ сабаб бошад? Фикр мекунам, ки ин ба ҳамагон равшан аст, ки чаро ин сомонаҳои асосии сиёсиро масдуд карданд. Ин сомоноҳо нишон медод, ки то чи андоза ҳукумати имрӯзаи мо пок аст ва ё нопок, аз рӯи қонун кор мекунанд ё ин ки қонун аз рӯи онҳо. Мабодо боз ба интихоботе, ки натиҷааш маълум аст, зиёни маънавӣ наорад..., вале онҳо фикр намекунанд, ки ин кори ношоистаи эшон дар ҳамаи гузоришҳои ҷаҳонӣ сабт хоҳад шуд? Эътибору нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ коста хоҳад шуд. Агар давлатдории шахсони дар курсии давлат нишаста қонунӣ мебуд, онҳо ҳеч гоҳ ба чунин кор даст намезаданд. Сипосгузорам аз Хуросони Бузург, ки роҳи ворид шудан ба сомонаҳои бастаро бароям фаҳмондааст.
Пайрав
--------------------------------------
Салом ба озодфикрони тоҷик. Ростӣ, ҳамаи мо аз он амалҳое, ки дар кишвар рух дода истодааст, хабардорем. Валокин як чизро гуфтаниям, ки наход ислоҳи ҷамъият бо сиёҳ кардани якдигар бошад? Ростӣ, ман тарафдори бастани сайти "Чароғи рӯз" ҳастам, зеро бештари газетааш дашном ва суханҳои таҳқировар аст ва ин аз муборизаи шариф фарсахҳо дур аст.
Ҷ. Мирзо
--------------------------------------
Бо салом бар ҳамагӣ. Банда ҳеч вақт вориди ин сайтҳо нашудаам ва нахоҳам шуд, аммо ҳамаи мо медонем ё ҳадди ақал метавонем фикр кунем, ки чаро онҳоро бастаанд. Инҷо танҳо давлати Тоҷикистон аст, ки зарари маънавӣ мекунад, чун агар сиёсат ва раҳбарии як давлати воқеан бо меъёрҳои қонуни дохилӣ ва байналмилалӣ мутаносиб бошад, барои ин давлат фарқ намекунад, ки барои ӯ чӣ менависанд ё чӣ мегӯянд. Далели ягонаи ин сиёсати бастани сайтҳо нобоварии давлатмардон аз қонунӣ будани раҳбарӣ ва давлатдории онҳост. Ҳадди ақал баъд аз ин кори онҳо ҳар касе бохабар шавад, ин фикрро мекунад.
Низом Асомуддинов
--------------------------------------
Боятся товарищи из НДПТ, вот и вся правда, ну эти методы напоминают Каримовский режим. Зачем людям знать правду, правда та, что говорим мы по Ахбору.
Фантазия
--------------------------------------
Дуруд, дустони гаронмоя!
Хеле мутаассифам, ки ҳукумати Тоҷикистон чунин тасмим мегирад. Аз ин амали эшон маълум мешавад, ки онҳо як давлати воқеан хам тоталитарӣ сохтаниянд. Агар не, чунин тасмимотро намегирифтанд, дар ҳоле ки ҳамаи одамон аз мавҷудияти чунин сомонаҳои интернетӣ дарак надоранд ва истифода бурда ҳам наметавонистанд.
Аз мавчудияти сомонаҳо фақат зиёии тоҷик ва онҳое, ки ба шабакаи интернет пайвастанд, бохабар мебошанду халос.
Агар ҳамаи сомонаҳои интернетии чаҳону Тоҷикистонро банданд ҳам, ман сомонаи президент ва китобҳои ӯро намехонам. Аммо ман медонам, ки чи гуна метавон сомонаҳои масдудкардаро боз намуд. Нахуст ба сомонаи www.anonymouse.com ворид мешавед ва дар он ҷо, дар қатори ҷустуҷӯ номи нишонии сомонаи лозимиатонро менависед. Он вақт сомонаи масдудшуда боз хоҳад шуд. Дилгир набошед!
Хуросони БУЗУРГ
--------------------------------------
Салом радиои Озодӣ,
росташро гӯям ба раҳбарони мо ҳайрон ҳастам, барои чӣ ба ин роҳҳо даст зада истодаанд. Дар дунёи глобализатсия ва ё ҷаҳоншумул аз кӣ ва чӣ гуна корҳои худу андешаи дигаронро пинҳон мекунанд? Магар фаромӯш кардаанд, ки мо дигар дар асрҳои миёна нестем, балки дар қарни иртиботот ба сар мебарем. Пас ба ин кор даст задани ҳукумат як кори бемаъно мебошад. Шояд ин корҳо дар кӯтоҳмуддат барояшон фоидае оварад, аммо дар дарозмуддат бар зарари худи онҳо тамом хоҳанд шуд. Интихобот хоҳад гузашт, гирдуор фаромӯш хоҳад шуд, аммо ин кори ҳукумат дар ҳамаи гузоришҳои ҷаҳонӣ сабт хоҳад гашт. Дигар ин ки ҳанӯз ҳеч ҳукумате натавонистааст, бо ин роҳҳо умри худро дароз кунад. Журналистон чашмони ҷомеа ҳастанд ва нуқсонро мегӯянд, то ислоҳ шавад. Бо пуштибонӣ аз журналистони рақами "6" будагӣ ба пайомади хуб нахоҳанд расид.
Саломат бошед,
Дӯсти шумо Дипломат
---------------------------------------
Бо ин нуктаи "Ҳамсадо" мувофиқам, ки Худо накунаду ин сафҳаи интернетии Озодиро ҳам "аз озодӣ"-аш дар Тоҷикистон маҳрум кунанд.
Мурод
______________________
Ассалому алайкум. Чаро ин сайтҳоро баста накунад? Чаро айбҳои худро пинҳон накунад? Чаро ҳақиқатро инкор накунад? Чаро озодии халқро поймол накунад? Барои он ки мехоҳад дар зулми худ давомдор бошад ва мардум ҳечгоҳ рӯи озодиро набинанд ва набинанд ҳақиқатро. Ман метарсам, ки рӯзе шаваду аз ин сайти Озодӣ ҳам маҳрум шавем... Бо эҳтиром
Ҳамсадо
_____________________
Ассалом. Ташаккури зиёд ба ҳамаи ононе, ки ин сарҷамъиро ва озодфикриро рӯи саҳна меоваранд. Дар ҳақиқат, "Чароғи рӯз" аз пеш буд ва ба ҳама ошност, ки чи хел ошкорбаён аст. Аммо ман намедонистам, ки сомонаи он низ вуҷуд дорад. Ташаккури зиёд, ки баъд аз интишори хабари шумо даромадам. Сабаби баста шудани инҳо ба ҳама маълум аст. Зеро агар он барои мо "Чароғи рӯз" бошад, барои ҳукумат "Чароғи шаб" аст. Яъне чи коре, ки онҳо пинҳон аз мардум мекунанд, ин ҳамаро кашф мекунад ва касе намехоҳад, ки сирраш фош шавад ва сипас мебанданд. Ин нашрияҳо барои мо бисёр муҳим аст. Зеро агар аз ин нашрияҳо дур бошем, хаёл мекунам, ки аз ҳукумати мо поктар ҳукумате нест. То таги косаро мебинӣ, мефаҳмӣ, ки ин ҳукумат чист. Ташаккури зиёд ба ҳама. Паёмам дароз шуда бошад, узр.
Jamjam
______________________
Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.