Кӯлоб ҷашни 2700-солагии худро таҷлил мекунад

Холиқи Сангин
Дар чаҳорчӯби ҷашни 15-умин солгарди рӯзи истиқлоли Тоҷикистон имрӯз якшанбе (10 сентябр) дар шаҳри Кӯлоб, 200 километрии ҷанубу шарқи пойтахти ин кишвар маросими таҷлил аз 2700 солагии шаҳри бостонии Кулоб оғоз мегардад. Корвони ҳайатҳои меҳмонони ҷашни рӯзи истиқлоли Тоҷикистон ва шашумин Анҷумани тоҷикони ҷаҳон бо ҳадафи ширкат дар маросими 2700 солагии шаҳри бостонии Кӯлоб субҳи 10 сентябр вориди ин шаҳр шуданд.

Мувофиқи барнома маросими таҷлил аз 2700 солагии шаҳри Кӯлоб аз зиёрати оромгоҳи донишманди шаҳир Мирсаид Алии Ҳамадонӣ шурӯъ меёбад. Сипас меҳмонон қарор аст аз қалъаи бостонии Ҳулбук дидан ва бо таърихи қадимаи он аз наздик ошно гарданд. Ба дунболи он ифтитоҳи расмии Муҷтамаъи 2700 солагии шаҳри Кӯлоб доир мегардад. Баъд аз зӯҳр Боғи марказии фароғатии ба номи Исмоили Сомонии Кулоб маркази баргузории ҷашнҳо қарор мегирад. Дар ин ҷо барои нахустин бор дар минтақаи Кӯлоб ифтитоҳи як амфитеари замонавӣ сурат мегирад.


Дар доираи таҷлил аз ҷашни 2700 солагии шаҳри Кулоб ҳамчунин баргузории як намоиши вижаи асарҳои рассомон ва тарроҳони кулобӣ дар назар аст.
Рӯзи душанбеи 11 сентябр дар варзишгоҳи тозабунёди шаҳри Кулоб намоишномаи театрии таҳия шудае манзур мешавад, ки ин бахш хотимабахши ҷашни таҷлили 2700 солагии шаҳри бостонии Кулоб мегардад. Шоми ҳамин рӯз, яъне 11 сентябр дар варзишгоҳи шаҳри Кулоб овозхони маъруфи эронӣ Ораш бахшида ба рӯзи истиқлоли Тоҷикистон ва 2700 солагии Кулоб барномаи махсуси идона баргузор мекунад.