Раҳматулло Зойиров гирифтори сактаи мағзӣ шуд

Раҳбари Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон ва сиёсатмадори шинохтаи ин кишвар Раҳматулло Зойировро, ки гирифтори бемории сактаи мағзӣ шудааст, барои табобат ба Суис (Швейтсария) фиристодаанд. Шокирҷон Ҳакимов - муьовини раиси ҳизб гуфт, ҳафтаи гузашта Раҳматулло Зойиров ғайримунтазира дучори лакнати забонӣ шуд ва дигар натавонист озодона ҳарф занад. Баъд аз муъоина пизишкон гуфтаанд, ки Раҳматулло Зойиров дучори сактаи мағзӣ шудааст.


Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, Раҳматулло Зойиров, ки ба варзиш алоқаи зиёд дошт, қаблан аз саломати худ шикоят намекард. Ба гуфтаи ӯ, баъд аз фарохони Раҳматулло Зойиров ба додситонӣ ва нашри мақолаҳои, ба гуфтаи оқои Ҳакимов, "пурғараз" дар баъзе рӯзномаҳо дар бораи ӯ ҳолати раҳбари Ҳизби Сотсиал-Демократ тағйир ёфт.


Раҳматулло Зойиров чанде пеш гуфт, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон 1000 маҳбуси сиёсӣ ба сар мебаранд. Иддаъое, ки хашми додситониро барангехт ва баъд аз он додситони кулл Бобоҷон Бобохонов гуфт, агар Зойиров иддаъояшро исбот накунад, алайҳи ӯ чора дида хоҳад шуд. Додситонӣ Раҳматулло Зойировро даъват карда ва шарҳи гуфтаҳояшро хоста буд. Аммо мақомоти додситонии Тоҷикистон мегӯянд, ҳеч гуна фишор ба раиси Ҳизби Сотсиал-Демократ наовардаанд.


Вале аъзои Ҳизби Сотсиал-Демократ фишорҳои ғайримустақим аз ҷониби мақомоти давлатӣ ба Зойировро рад намекунанд, зеро ба гуфтаи онҳо, баъзе ҳалқаҳои ҳукуматӣ аз он ки Раҳматулло Зойировро як рақиби эҳтимолии Эмомалӣ Раҳмонов дар интихоботи раёсати ҷумҳур мешуморанд, хушашон намеояд. Раҳматулло Зойиров мушовири собиқи ҳуқуқии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, яке аз раҳбарони қавии мухлофини ҳукумат ба шумор меояд.