Болоравии ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон

Хадамоти ҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯяд, болоравии ҳарорати ҳаво, ки дар даҳ рӯзи ахир дар водии Ҳисор ва ҷануби Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ғайримуқаррарӣ ва ғайримунтазира нест ва аммо хоси моҳҳои июн ва июл мебошад. Бино бар гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, масъули ин хадамот, дар ду ҳафтаи ахир дар водии Ҳисор ва ҷануби Тоҷикистон боришот ба қайд гирифта нашудааст ва вуруди гармо ва ҳавои хушку тропикӣ аз нимҷазираи Арабистон ба Осиёи Марказӣ дараҷаи мизони ҳароратсанҷ дар Тоҷикистонро боло бардоштааст. То ҳоли ҳозир, баландтарин гармии ҳаво дар мавзеъи Эсанбой дар ҷануби Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки 42 дараҷа будааст. Имрӯз, ҳаво дар шаҳри Душанбе 37 дараҷа ва дар вилояти Хатлон 42-43 дараҷа гарм мебошад. Ҳаво шабона дар Тоҷикистон 18 - 20 дараҷа гарм аст. Хадамоти ҳавосанҷии Тоҷикистон барои фардо пастравии ҳарорати ҳаворо пешгӯӣ мекунад ва бино бар қавли ин хадамот, эҳтимол дорад, дар кӯҳҳо ва шояд дар шаҳри Душанбе низ борон биборад.