Вотикон карикотурҳоро маҳкум кард

Раҳбарияти олии калисои католик дар Вотикон нашри тасвирҳои танзомези паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммадро, ки сабаби нороҳатии мусулмонон гаштааст, маҳкум кард. Ҳамзамон дар изҳороти расмии Вотикон, ки рӯзи якшанбеи 5-уми феврал пахш шуд, вокунишҳои хушунатомези эътирозгарон дар олами ислом низ маҳкум гардид. Дар баёния гуфта мешавад, озодии баён, ки дар Эъломияи ҳуқуқи башар қонунӣ гаштааст, наметавонад, ба гуфтаи Вотикон, "ҳуқуқи ҳамла ба эҳососоти динии одамон"-ро низ тазмин кунад ва ин асл ба ҳамаи динҳо дахл дорад.
Дар ҷараёни эътирозҳо ба карикотурҳо, ки аввалин бор дар Дания ва сипас дар чандин кишвари аврупоӣ нашр шуданд, дар Байрут манзили дипломатҳои Даниягӣ ва дар Сурия сафоратхонаҳои Дания ва Норвегия ба оташ кашида шуданд. Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида ин ҳамлаҳоро маҳкум карданд ва аз Сурия интиқод намуданд, ки амнияти дипломатҳоро таъмин накардааст. Як рӯз пеш ҳукумати Иёлоти Муттаҳида инчунин нашри тасвирҳои танзомезро маҳкум карда буд.