Муҳаммадҷон Шакурӣ - "Чеҳраи мондагор»- и Ирон

Унвони «Чеҳраи мондагор» соли панҷум аст, ки дар Теҳрон ба беҳтарин адиб, олим, чеҳраи фарҳангӣ ва кошиф эҳдо мешавад. Шурӯъ аз соли 2000 беш аз 70 нафар ин унвонро соҳибӣ кардааст ва аммо барои нахустин бор аст, ки як олими тоҷик ба ҳайси як чеҳраи мондагори Ирон муаррифӣ гардид.

Ҷоизаи мазбурро панҷ сол муқаддам 4 фарҳангистони Ирон- фарҳангистони забону адаби форсӣ, фарҳангистони улум, фарҳангистони ҳунар, фарҳангистони пизишкӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ирон ва садову симои ин кишвар таъсис додаанд, ки барои хидмати пуарзиш дар соҳаи улуми риёзӣ, кимиёвӣ, пизишкӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, синамогарӣ, ва соири дастовардҳои назаррас ба чеҳраҳои саршинос тақдим мегардад.

Дар соли 2005 15 тан аз уламои иронӣ ва се забоншиноси хориҷӣ соҳиби ин унвон шудаанд. Стеблин Каминский-шарқшиноси маъруфи фарҳангистони улуми Русия, Доктор Йе - мударриси Донишгоҳи Пекин ва академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар соли ҷорӣ беҳтарин донандагони забони форсӣ дар олам шинохта шудаанд. Академик Шакурӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «Аз банда 1 ё 2 асар не, ки хидмати якумраи ман дар рушди забони тоҷикии форсӣ ба назар гирифта шуд. Ҳамаи онҳое, ки сазовори унвони «чеҳраи мондагор» шудаанд, солхӯрдаанд, яъне солҳои сол барои рушди забону фарҳанги форсии тоҷикӣ хизмат кардаанд»

Зиндагинома ва асарҳои барандагони ҷоизаи «чеҳраи мондагор», ҳамчун мунодии илму фарҳанги форсӣ дар як китоби вижа гирдоварӣ ва нашр хоҳад шуд.