Хидматрасонии тиббӣ боз ройгон шуд

Нусратулло Файзуллоев, вазири тандурустии Тоҷикистон бо судури як фармон табобати пулакӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии Тоҷикистонро муваққатан боздошт.Тибқи хабари вазорати тандурустии Тоҷикистон, фармони вазири беҳдошт бар асоси дастури раиси ҷумҳури ин кишвар, Эмомалӣ Раҳмонов содир шудааст. Бино бар гуфтаи Ӯктам Бобохоҷаев, раиси идораи ташкили хидматрасонии тиббии вазорати тандурустӣ, акнун дар ин ниҳод як гурӯҳи корӣ бо ҳадафи таъини нархи миёнаи хидматрасонии тиббӣ таъсис ёфтааст. Гурӯҳи корӣ муваззаф будааст, то моҳи декабр нархномаи муносиб бо назардошти вазъи иҷтимоии кишварро таҳия намояд. Пас аз референдуми тобистони соли 2003, ки бо пешниҳоди вакилони порлумони пешин тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии кишвар сурат гирифта буд, аз аввали августи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон барномаи саросарии хидматрасонии тиббӣ пулакӣ гардид.